ams.tj

Майдончаи варзишӣ омили густариши тарзи ҳайёти солим

Имрӯзҳо чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши тарзи ҳайёти солим ва солимигардонии насли наврас диққати ҷиддӣ дода истодаанд, зеро милати солим давлати солим мегуянд Пешвои муаззами милат.

Дар заминаи сиёсати варзишпарварона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат ин навабат Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони майдончаи варзиширо дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хиёбони Шерозӣ назди хонаи инфиродии №25/1 ба уҳда гирифта буд.

Майдончаи мазкур санаи 5 октябри соли 2019 дар фазои тантанавӣ бо иштироки Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, Сардори Хадамот Муминзод Абдулмаҷид Мубин, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф ва кормандони Хадамот, инчунин намояндагони моқомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки сохтмони майдончаи мазкур бо стандартҳои муқарраргардидаи сохтмонӣ сохта шуда, аз се қисмат иборат аст. Майдонча барои бозии кӯдакон, ки бо лавозимотҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст, барои бозии футбол, ки ҳамзамон барои бозии валейбол ва баскетбол пешбини шудааст ва майдонча барои ҷавонон, ки бо мавозимотҳои варзишӣ аз қабили турник ва брусҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Инчунин, дар гирду атрофи майдонча дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, атрофи он сабзазор карда шудааст.

Дар арафаи супоридашавии майдонча Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Сами Шариф минатдории худро ба Сардори Хадамот Абдулмаҷид Муминзод ва кормандони Хадамот баён намуда, бо Сипоснома сарфароз гардонид.

Кормандони Хадамот ифтихор аз он намуданд, ки кушодашавии майдончаи мазкур ба таҷлили рӯзи Забони модарӣ ва зодрузи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост омад ва туҳфаи созоворе буд ба мардуми маҳаллаи мазкур.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *