ams.tj

Таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон

     Ҷиҳати хотирмон таҷлил намудани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида шуд.

     Бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 сентябри соли 2019 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акмалзода Носир Қодир бо ҳамроҳии роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба дидбонгоҳҳ ои сарҳадии «Шаҳ ристон» ва «Фирдавсӣ» ташриф оварда, афсарону сарбозонро бо ҷашн табрик намуданд.

    Ба афсарону сарбозони дидбонгоҳҳои мазкур аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмаки моддӣ расонида шуд.

   Инчунин, аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони интернати наздимактабии ба номи Додоҷон Бойматов дар ноҳия 2 маҷмуъ компютер тақдим карда шуд.

    Бо иштироки меҳмонон сохтмонҳои ҷашнии бахшида ба 30-солагии Истиқ лолияти давлатии Ҷумҳ урии Тоҷикистон ба нақшагирифташуда: майдончаи истироҳатӣ – варзишӣ (берун аз нақша), бинои маркази савдо ва хизматрасонии маишӣ аз тарафи соҳ ибкор Нуриддинзода Бахтиёр (банди 29), дар деҳаи Турсунзода аз тарафи соҳибкор Шокиров Бута бинои хизматрасонии маишӣ (банди 33), аз тарафи соҳибкор Бердиқулов Искандар бинои мағоза (банди 34) дар фазои тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

    Инчунин, дар деҳаи Ҳисори Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бинои бунгоҳи тиббӣ (банди 54) ва дар деҳаи Чашмаи Ҷамоати деҳоти Бунҷикат бинои муассисаи таълимӣ (банди 55) мавриди истифода қарор дода шуд.

    Санаи 5 сентябр дар соати 1600 бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

    Дар ҷамъомади тантанавӣ роҳбарияти ноҳия сокинонро бо ҷашни 28-солагии Истиқ лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

    Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин сокинони ноҳияро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуд.

    Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин Фармони Президенти Ҷумҳ урии Тоҷикистон дар бораи сарфароз гардонидани мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Зоиров Ваҳобҷон Назирович бо мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста”-ро қироат намуда, медали мазкурро тақдим намуд.

    Дар ҷамъомади тантанавӣ фаъолон, пешқадамони соҳа бо Ифтихорномаи раиси ноҳия қадршиносӣ гардиданд.

    Сипас, барномаи фарҳангии омоданамудаи аҳли фарҳанг ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки мақбули аҳли толор гардид.

    Бахшида ба ҷашн иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои сарбозони дар ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалокгардида, маъюбон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманд аз тарафи сарпарастон ва шахсони саховатпеша кўмакҳои моддӣ дастрас карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *