ams.tj

Соҳибихтиёрӣ сарчашмаи Истиқлолият!!!

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик маҳсуб меёбад, ки дар асри 20-ум ба даст омадааст. Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан, нӯру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст. ки сиёсати дохилию хоричӣ, иктисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад.

Гарчанде бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда миллати баруманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми баруманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд. зеро ин миллати бузургро марди бузургу дунёдида, ҷахондону дарёдил, бохираду некқадам  Пешвои муаззам, Президенти Тоҷикистони азиз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад.

Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду давлат орому миллат дилшод гардид. Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишвархои ҷахон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дустию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлол аст. Имрӯз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол нашиносад.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад

Имрӯз миллати сарбаланди тоҷик бо ифтихори бузурги миллӣ аз дастовардҳои бузурги истиқлол чун иншоотҳои бузурги кишвар, сохтмонхои НБО-и Роғун, Сангтудаи-1, Сангтудаи-2, Роҳҳои мошингард, нақбҳо, роҳҳоии оҳан ифтихор дорад.

Имруз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст. Самараи неки истиқдол буд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 28-солагии истиқлоли миллӣ ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзиштии осоишта мекушад.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин радиф дур намонда, барои таҷлили ин ҷашни бошӯкуҳ баргузории ҷаласаҳо ва гузаронидани мизи мудаварро ҷиҳати ёддоварӣ аз дастовардҳои истиқлолият ва расидан ба қадри ин неъмати бебаҳо ба роҳ мондааст.

Ногуфта намонад, ки қисми зиёди кормандони Хадамотро ҷавонони даврони истиқлол ташкил намуда, бо дасгириву роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Хадамот ба тарбияи онҳо кушида истодаанд, ки дар амалигардонии сиёсати зиддиинҳисории кишвар саҳмгузор бошанд…

 

Далери Абдуғафор

Мутахассиси пешбари

Шуъбаи корҳо

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *