ams.tj

ЭЪЛОНИ ОЗМУНИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛӢ

ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ

НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ

ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

 

Дастгоҳи марказӣ

  1. Сардори Шуъбаи танзими соҳаи энергетикаи барқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1533 сомонию 60 дирам.
  2. Мудири Бахши таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1258 сомонию 20 дирам.
  3. Сармутахассиси Раёсати танзими инҳисороти табиӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1140 сомонӣ
  4. Сармутахассиси Бахши муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1140 сомонӣ
  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи танзими соҳаи энергетикаи барқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 930 сомонӣ.
  6. Мутахассиси шуъбаи танзими соҳаи энергетикаи барқӣ – 768 сомонӣ.

Ҷамъ: 6 воҳид

 Талаботи тахассусӣ

                            Барои ишғоли мансаби сардори Шуъба

 

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– донистанисамтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ

                  Барои ишғоли мансаби мудири Бахш

 -таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассиси Раёсат

 -таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассиси Бахш

 -таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари Шуъба

 -таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси Шуъба

 -таҳсилоти олии ё миёнаи касби энергетикӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахси (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

– шарҳи ҳол;

– нусхаи диплом;

– 2 дона расми 3х4;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

– нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

– маълумотнома аз ҷои истиқомат;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;

– нусхаи суѓуртаи иҷтимоӣ (СИН);

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– маълумотнома (справка- объективка).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Душанбе, кўчаи Шамсӣ – 5/1, ошёнаи 6 – ум, қисми Б, телефонҳо 236-53-57, 236-50-26.

Ҳуҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рўз қабул карда мешаванд.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *