ams.tj

Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд анҷом ёфт

 Бино бар иттилои дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе  баргаштанд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 то 25 август дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштиҷ ва Ҷаббор Расулов идома ёфт.

Дар доираи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, бо роҳбарону фаъолон, аҳли зиё ва сокинони вилоят мулоқоту суҳбатҳо карданд. Дар љараёни ин сафар як қатор иншооти гуногунро ифтитоҳ намуданд.

Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои вилоят бо нашъунамои пахта, кишти картошка ва рушди боғу токпарварӣ шинос шуданд. Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва Иди харбуза, ангур ва оши палав Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои меҳнаткашонро тамошо карданд.

Дар ин сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати инсонпарваронаи иҷтимоӣ ба 300 ятими кулли вилояти Суғд туҳфаҳои арзанда тақдим доштанд.

Сокинони вилояти Суғд барои талошҳову тадбирҳои созанда љиҳати шукуфоии Ватани маҳбуб ва болобарии сатҳи рузгори мардуми кишвар ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд гарму самимӣ ва бо шукуҳи хоса гусел карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *