ams.tj

Нишоти мардуми Зафаробод аз ташрифи Сарвари давлат

22 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти дорои аҳамияти гуногун ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ташриф оварданд.

Меҳмони олиқадрро дар варзишгоҳи марказии ноҳия сокинони касбу кори гуногун, ҷавонон, дар маҷмӯъ зиёда аз 2500 нафар, гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Дар доираи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии “Камола” ва намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони ноҳия дидан намуданд. Хоҷагии мазкур соли 2014 таъсис ёфта, то ба имрӯз ба парвариш ва кишти зироати гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла пахтаи навъи «Хуљанд-67» машғул мебошад. Деҳќонони он соли 2018 аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ҳосили пахта рӯёниданд ва имсол низ тавассути меҳнати зарбдор ва истифодаи техникаю гузаронидани тадбирҳои муҳими агротехникӣ, интизор меравад, ки аз ҳар гектар бештар аз 55 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.

Сарвари давлат дар љараёни сафари корӣ ҳамчунин бинои Қасри фарҳангро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд. Бинои ќаср дар муҳлати қариб 3 моҳ бо ҷалби мутахассисону коргарони маҳаллӣ пурра навсозӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонда шуд. Он дуошёна буда, аз 9 толори омӯзишӣ ва маҳфилҳо, аз ҷумла маҳфили драмма, сурудхонӣ, рубобнавозӣ, иттиҳоди дӯстдорони “Килки сабз” карнайнавозӣ, доиранавозӣ, шашмақом, рақс, шоҳмот, толори васеъ барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бо 478 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ, китобхонаи бачагона, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар толори бошукуҳи Қасри фарҳанг Пешвои муаззами миллат барномаи консертии аҳли фарҳанги ноҳияро, ки таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолият буд, тамошо намуданд. Дар ҳамин ҷо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳия асбобҳои мусиқӣ тақдим карда шуд.

Президенти љумҳурї муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави кӯдакистони хусусии “Афсона”-ро барои 200 нафар кӯдак дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд. Боѓчаи кудакони “Афсона” дар доираи иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шаҳло Кенҷаева бунёд гардид. Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2019” дар марказ ва деҳоти ноҳия 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1000 кӯдак сохта шудааст.

Дар деҳоти Равшани ноҳия Роҳбари мамлакат бо фаъолияти фермаи иноватситонии парвариши чорвои хурди шохдор-бузҳои зоти аврупої ва корхонаи коркарди ширу истеҳсоли панир шинос шуданд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки фермаи мазкур соли 2015 дар ҳудуди иншооти фермаи хусусигардидаи соҳибкори маҳаллӣ Назар Ғоибназаров дар ҳамкорӣ бо шаҳрванди Австралия Ҷеври Диллон таъсис ёфта, дар ибтидо 10 сар бузи ширдеҳ дошт. Дар давоми солҳои 2016-2019 саршумори ҳар сол аз 25 то 40 сар зиёд гардида, ҳоло ба 240 сар расонида шудааст. Аз ин миқдор 100 сар модарбузҳои ширдеҳанд. Ташкили ин фермаи махсуси иноватсионии бузпарварӣ нахустин дар минтақа аст. Муассисони он дар ҳудуди ферма бо таъсиси коргоҳи коркарди шири буз истеҳсоли панирро дар асоси усулу анъанаҳои аврупоӣ ба роҳ мондаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд. Баландии нишон 23 метрро ташкил медиҳад ва он дар як мавзеъи хеле ободу зебои ноҳия сохта шудааст. Баъди ифтитоҳи Нишони давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадршиносӣ аз муқаддасоти миллӣ зери он гулчанбар гузоштанд. Майдони нишони давлатӣ акнун ба як макони зебои сайру тамошои сокинону меҳмонон мубаддал гардид.

Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айниро ифтитоҳ намуданд. Масоҳати умумии боғ якҷо бо майдони Нишони давлатӣ 7,5 гектарро ташкил медиҳад. Дар маркази боғ муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов бунёд шудааст, ҷойгир мебошад. Боғи мазкур аз ду даромадгоҳи асосӣ иборат буда, дар ҳудуди он фаввораҳои гуногун, зиёда аз 80 адад чароғи ранга, 5 суҳбаткада, 400 адад дарахти ороишӣ, як шаршараи сунъӣ, амфитеатри таҷдидшуда бо 400 ҷойи нишаст, бинои маъмурӣ барои коргарони боғ, даҳҳо курсї, дуконҳои фуруши обҳои ташнашикан ва дигар иншооти зарурӣ мавҷуд аст. Дар ин муассисаи фарҳангӣ 45 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як зумра  иншооти таъйиноти гуногун бо шумораи зиёди сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимию созанда баргузор карданд. Таъкид рафт, ки даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди босуръати ноҳияи Зафаробод такони ҷиддӣ бахшид. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои рушди ноҳия 262 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 23 миллион сомонӣ равона гардидааст. Дар “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Зафаробод барои солҳои 2016-2020” 106 лоиҳа ба маблағи умумии 145 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, тайи сеюним соли охир 15 лоиҳа иҷро гардидааст ва ҳоло амалисозии 46 лоиҳаи дигар давом дорад. Айни ҳол дар ноҳия татбиқи 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, то имрӯз дар доираи он 24 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Баъди таҳлилу баррасии вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод супориш доданд, ки бо истифодаи имкониятҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиро вусъат бахшида, баҳри бо дастовардҳои назаррас сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *