ams.tj

Туҳфаи Президенти ҷумҳурӣ ба футболбозони наврас дар Гулистон

DCIM\100MEDIA\DJI_0013.JPG

Нимаи дуюми рӯзи 21 август дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо рафти корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони бинои наву муосири “Маҷмааи иншооти қабули меҳмонони олиқадр” дар ҳудуди осоишгоҳи “Баҳористон”, воқеъ дар соҳили баҳри “Тоҷик” ошно шуда, бо коргарону сохтмончиён оид ба татбиқи саривақтии лоиҳаи бунёди бино суҳбат карданд.

Дар соҳили Баҳри “Тоҷик” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзи моҳипарварии осоишгоҳи “Баҳористон” бо вазъи соҳаи моҳипарварӣ шинос шуданд. Мавриди зикр аст, ки зимни сафарҳои қаблӣ Пешвои миллат ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ин ҳавз ҳазорҳо адад моҳиҳои навъҳои амури сафед, пешонағафси сафед, карп ва ғайраро сар дода буданд. Дар ҳудуди осоишгоҳи “Баҳористон” барои таъмини истироҳаткунандагон бо хурокҳои парҳезӣ, гушт, шир ва тухм парвариши парранда, чорвои калон ва харгуш ба роҳ монда шудааст.  

Худи њамин рӯз дар шаҳри Гулистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози мусобиқаи футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок карданд. Мусобиқа бо бозии тимҳои наврасони “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт. Вохурї бо ҳисоби 6 бар 1 бо ғалабаи дастаи “Спартак” ба охир расид. 5 тубро дар ин бозӣ бозингари бомаҳорати дастаи «Спартак» Анушервони Рустам – набераи Сарвари давлат ва писари мири шањри Душанбе ба дарвозаи ҳарифон ворид намуд. Баъди анҷоми бозї Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасмандсозии футболбозони наврас ба ҳамаи онҳо дучархаҳои замонавӣ ва тубҳои чармӣ тақдим карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *