ams.tj

Боздиди Сарвари давлат аз ноҳияи Деваштич

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ташриф оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингард аз шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ то маркази ноҳияи Деваштичро пас аз мумфаршкунӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Роҳи мазкур 17 километрро ташкил дода, пас аз навсозӣ аз категорияи сеюм ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ гардонида шудааст. Бари он 8 метрро ташкил дода, дар маҳаллаҳои аҳолинишин  то  11 метр васеъ гардидааст. Роҳи мошингарди Хуштоҳир – Яхтани шаҳраки Ғончӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозӣ шуд. 

Пешвои миллат дар деҳоти Яхтан муассисаи таҳсилоти томактабии “Дӯсти”-ро ифтитоњ намуданд. Кӯдакистони навбунёд дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад, ки то 300 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад. Дар муассисаи наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, қариб 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гашт.

Дар ҳузури Президенти љумҳурӣ дар деҳаи номбурда њамчунин бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 баъди азнавсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои мактаб соли 1983 барои таҳсили 624 нафар дар як баст сохта шуда буд. Алъон бинои таълимии 2 ошёна аз чор қисм иборат буда, 29 синфхона бо 9 кабинети фаннӣ, 2 озмоишгоҳи фаннӣ, китобхона, ошхона, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ дорад.

Пешвои муаззами миллат дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои Яхтан, Бахт, Хӯҷатоҳир ва кормандони соҳаи тандурустӣ Маркази саломатии деҳоти Яхтанро кушоданд. Маркази навбунёд аз ҳуҷраҳои хизмати тибби оилавӣ бо фарогирии ташхису табобати бемории калонсолон, занон, кӯдакон, хизмати момодоягӣ, солимии модару кӯдак, табобати дандон, эмкунӣ ва кӯмаки фаврии тиббӣ иборат аст. ҳамчунин дар маркази ноҳия – шаҳраки Ғончӣ бинои нави Маркази адлияро бо идораи нотариалии давлатӣ ифтитоњ намуданд.

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати нави оби нӯшокии “Ҳазорчашма – Ғончӣ” -ро мавриди истифода қарор доданд. Оби нӯшокӣ дар масофаи 8 километр аз мавзеи Ҳазорчашма то маркази ноҳия –  шаҳраки Ғончӣ оварда шудааст, ки шаҳрак ва 7 деҳаи ноҳияро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамояд. Мавриди ёдоварист, ки қаблан ба 19 ҳазор сокини шаҳраки Ғончӣ ва 6 деҳаи атрофи он оби нӯшокӣ тариқи реҷаи муайян дастрас  мегардид, ки сокинон аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ доштанд. Акнун беш аз 26 ҳазор нафар аҳолии шаҳраки Ғончӣ, деҳаҳои Ғазантарак, Қалъачаи раис, Қалъачаи Азим, Гул ва Гулобод  бо оби аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар таъмин гардиданд.

Яке аз воќеаҳои муҳиме, ки дар доираи сафар Сарвари давлат сурат гирифт, ифтитоҳи муҷассамаи Деваштич буд. Он дар яке аз мавзеъҳои зебои ноҳия, дар боғи навбунёд паҳлуи Парчами давлатӣ бунёд шудааст. Баландии муҷассама бо пояаш 12 метр буда, аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов сохта шудааст. Деваштич – яке аз шоҳони охирини Суғди Самарқанд, ҳокими Панҷакент ва қаҳрамони муборизаи озодихоҳии суғдиён зидди истилогарони араб мебошад. Деваштич соли 720 ҳамроҳи шоҳи Суғд Ғурак дар шӯриши озодихоҳии суғдиён зидди истилогарон иштирок кардааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохта, боғи навбунёдро мавриди истифода қарор доданд. Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр, дарозӣ ва бари матоъ 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии майдони боғи назди Парчами давлатӣ 1,5 гектар аст. Барои ба мавзеи сайру тамошои сокинону меҳмонон табдил додани боғ зиёда аз 1000 дарахти ороишии арча ва гулҳои гуногун шинонида шуда, дар масоҳати 80 метри мураббаъ 4 фаввора бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат дар деҳоти Яхтани ноҳия бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” ва Ҳоҷӣ Абдуворис” шинос шуда, бо мардони рӯзгордида, деҳқонони асил суҳбат намуданд. Дар ҳар ду хоҷагӣ деҳқонон ба кишти полезӣ, парвариши ангур ва каду машғул мебошанд. Деҳқонон аз заминҳои худ самаранок истифода мебаранд ва натиҷаи кор ҳамин аст, ки аллакай дар соли аввали кишти зироат ҳосили фаровон парвариш кардаанд.

Баъд дар маркази ноҳияи Деваштич Пешвои муаззами миллат бо аҳли зиёи вилояти Суғд суҳбати самимӣ доир карда, нақши зиёиён, аз ҷумла адибонро дар васфи зебоиҳои сарзамини аҷдодӣ, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои созандаи ҳукумати мамлакат, тарбияи насли оянда дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ махсус зикр сохтанд. Шоирон – Фарзона, Озарахш, Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз ва дигарон дар навбати худ барои таваҷҷуҳу ғамхорињои Сарвари давлат нисбат ба зиёиён изҳори сипос намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими таъиноти гуногун бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доштанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои созанда давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сухан ронда, гуфтанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Деваштич беш аз 420 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 245 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат ҳамчунин бо таҳлилҳои амиқ оид ба рушду пешрафти дигар соҳаҳои муҳими ноҳия андешаронӣ карда, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба татбиқи саривақтию босифати ҳадафҳои созанда, мардуми ноҳияро бошад, ба риояи қонунҳои амалкунанда, вусъати корҳои ободонӣ ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳидоят карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *