ams.tj

Сафари Пешвои миллат ба ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ

20 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ   – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар доираи сафари корӣ   ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нахуст ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмонро дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон сокинони меҳнатқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд. Ноњияи мазкур соли 1996 таъсис ёфта, яке аз ноҳияҳои зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалӣ Рањмон дар љараёни сафари корӣ нахуст дар шаҳраки навбунёди Меҳрон бинои дуошёнаи беморхонаи марказии ноҳия барои 60 кати хобро ифтитоҳ намуданд. Барои табобат ва муолиҷаи беморон дар беморхонаи марказӣ   4 шуъба аз ҷумла, шуъбаи ҷарроҳӣ  , амрози дарунӣ , таваллудхона ва шуъбаи кӯдакона мавҷуд аст. Ҳамаи шуъбаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ   муҷаҳҳаз буда, дар он табибон бо истифода аз технологияи муосир ба мардум хизмати муосири тиббӣ   мерасонанд. То имрӯз беморхонаи марказии ноҳия ба талабот ҷавоб намедод ва сокинон аз сабаби набудани шароит барои ташхису табобат ба маркази вилоят, ноҳияи Айнӣ   ва шаҳри Душанбе мерафтанд.

Бо ширкати Сарвари давлат дар шаҳраки Меҳрон ҳамчунин биноњои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, филиали рақами 41-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, суди ноҳия, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ   ва ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. 

Дар њузури Пешвои миллат бо иштироки роҳбарону фаъолони ноҳия Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Меҳрон мавриди истифода қарор дода шуд.  Баландии Парчами давлатӣ   36 метр ва пояи Нишони давлатӣ   18 метрро ташкил медиҳад.  Атрофи майдонро беш аз 200 арча, гулҳои гуногун ва сабзазор зеб медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ   – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон дар муаррифии кони ангишти Ғузни ҶДММ  “Қудрат 2010”  иштирок карданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи ангишти Ғузн соли 2017 таъсис ёфтааст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин авалин маротиба аст, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ангишт истеҳсол карда мешавад. Корхона дар як сол то 10 ҳазор тонна ангишт  истихроҷ мекунад. Роҳбарияти корхона ният дорад, ки иқтидори истеҳсолии онро то 100 ҳазор тонна расонда, 120 нафарро бо ҷойи кор таъмин созад. Тибқи маълумоти тадқиқотию геологї, захираи умумии ангишт дар кони мазкур 27 миллион тонна мебошад.

Роњбари кишвар аз боғи интенсивии дарахтони себ дар ноҳия низ боздид ба амал оварданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми шарикони рушд бо технология ва усулҳои италиявию испанӣ   дар майдони 1,88 га бунёд ёфтааст. Айни ҳол дар боғи мазкур 4700 бех дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла навъҳои “Галла”, “Гранни Смит” ва “Голден делишес” парвариш меёбад.

Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар маркази ноҳия бинои хуштарњи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияро ба истифода доданд, ки аз тариқи ҳашар сохта шудааст. 

Дар хоҷагии деҳқонии “Роғ” бошад, бо фаъолияти кишоварзони он шинос шуданд. Масоҳати заминҳои корами ХД “Роғ” 124,2 гектар буда, аз ин ҳисоб 102 гектар ба кишти картошка рост меояд. Соли гузашта кишоварзони хоҷагӣ аз ҳар гектар то 300 сентнер ҳосил ба даст оварда буданд. Имсол вобаста ба мусоид омадани вазъи ҳаво ният доранд аз ҳар гектар то 350 сентнер њосил гиранд.

Президенти ҷумҳурӣ дар деҳаи Роғи деҳоти Лангар шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. Бино 10 ҳуҷраро дар бар мегирад ва барои қабулу муолиҷаи беморон бо катҳои хоб, дастгоҳи ултрасадоӣ , сабти барқии дил ва дигар таҷҳизоти соҳавӣ   таъмин карда шудааст.   

Њангоми ифтитоњи Маркази хизматрасонии “Ҳусни Роғ” ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки маркази мазкур дар ин деҳаи дурдасттарини мамлакат дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ   ва ҳунарҳои мардумӣ   аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ   бунёд ёфтааст. Он аз ду ошёна иборат буда, дорухона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасониро дар бар мегирад.

Баъди мавриди истифода ќарор додани як қатор иншооти таъиноти гуногун  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ   – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия суҳбату мулоқоти самимӣ   доир карданд. Зимни суханронї Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон зикр намуданд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ   барои рушди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ   қариб 170 миллион сомонӣ , аз ҷумла 81 миллион сомонӣ  мусоидати молиявӣ   ва аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо 35 миллион сомонӣ   равона гардидааст. Дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020, ки аз 171 лоиҳа иборат мебошад дар сеюним соли охир 52 лоиҳа дар ҳаҷми беш аз 102 миллион сомонӣ  амалӣ   шудааст.

Дар охири суханронӣ   Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ   ва шукргузорӣ   аз рӯзгори орому осуда барои истиқболи шоиста аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талоши бештар хоҳанд кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *