ams.tj

Пазироии Пешвои миллат дар ноҳияи Ховалинг

Субҳи рӯзи 7-уми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ аз раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сарвари давлат дар ноҳия нахуст муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-ро дар деҳаи Лоҳутии деҳоти Лоҳутӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Аснои шиносоии роҳбари давлат аз шароити ин даргоҳи илму маърифат иттилоъ дода шуд, ки муассисаи дуошёнаи таълимӣ аз 13 синфхона иборат буда, барои 920 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Мактаби куҳнаи деҳаи Лоҳутӣ ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта бунёд гардида, барои 240 нафар хонанда пешбинӣ шуда бошад ҳам, вале дар он 426 нафар таҳсил менамуданд.

Баъди он беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутиро расман ифтитоҳ намуданд. Иншооти мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, корҳои сохтмонӣ дар он бо маблағи 1,2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудааст. Дар таҳхонаи бино таҳлилгоҳ, ҳуҷрањои физиотерапевтӣ ва дандонпизишк ҷой гирифтаанд. Дар ошёнаи 1-ум бошад, утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои хатна, муоинаи ултрасадоӣ, ташхиси бемориҳои занона ва қайдгоҳ мавҷуд мебошад. Инчунин ҳуҷраҳои табиби оилавӣ, табобати рӯзонаи калонсолон ва кӯдакон бо 13 кати хоб дар ошёнаи 2-юми бино љойгир гардидааст.

Дар доираи сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи номбурда маркази хизматрасониро, ки дар масоҳати 150 метри мураббаъ қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфт. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар он барои дӯхти сару либос, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо ба сокинон шароит фароҳам оварда шудааст. Ошёнаи 2-юми он аз коргоҳи дӯзандагӣ иборат мебошад, ки бо наздики 30 адад мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхти сару либос муҷаҳҳаз аст. Дар коргоҳи дӯзандагӣ беш аз 30 занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии љамоат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бо тарҳу сохти замонавӣ қомат афрохтааст. Бинои нави маъмурї ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, бо мизу курсї ва дигар лавозимоти зарурии корї таъмин мебошад.

Дар ноњия  Сарвари кишвар аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо ҷараёни парвариши зироат дар кооперативи тиҷоратии «Суруш-1» дар деҳаи Доробии Деҳоти Ҷомбахт шинос гаштанд.  Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия дар шаш моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 16 миллиону 577 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4 дарсад зиёд мебошад.

Дар доираи сафари корӣ њамчунин бо бардоштани парда Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияро, ки дар ҳудуди он пояҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ҷойгир мебошад, мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур дар масоҳати 2,35 гектар бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва саҳми соҳибкорони ноҳия бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд карда шудааст. Боғ бо назардошти Нишон ва Парчами давлатӣ ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ дар маркази ноҳия бунёд гардида, дар он 58 адад чароғаки равшанидиҳанда, як фаввора, айвон, 30 курсӣ барои нишасти истироҳаткунандагон, 3 тунели бо чароғакҳои ранга муҷаҳҳаз гардонидашуда, инчунин 500 обпошак барои сабзу хуррам гардонидани майдони иншоот насб карда шудаанд.

Дар маркази ноњия майдончаи хурди  варзишӣ барои футболро, ки дар масоҳати 800 метри мураббаъ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби зиёда аз 20 нафар сохтмочиёни маҳаллӣ сохта шудааст. Ғайр аз он дар маркази ноҳияи бинои нави Маркази ҷавононро, ки дар масоҳати умумии 1200 метри мураббаъ бо тарҳи хеле зебо сохта шудааст, ифтитоҳ намуданд. Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якуми он бахши омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ ва англисӣ, технологияи инфарматсионӣ ва маҷлисгоҳ барои 50 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад. Дар ошёнаи дуюми бино утоқҳои корӣ, нуқтаи хизматрасонӣ, бахшҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва китобхона муҳайё ҷой гирифтаанд. Дар таҳхонаи Маркази ҷавонон ошхона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, заргарӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мављуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ховалинг аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ боздид ба амал оварданд. Дар он гӯшаи имкониятҳои сайёҳии ноҳия, харитаи хатсайри сайёҳии он бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муаррифӣ гардид. Инчунин дар намоишгоҳ лоиҳаи Консепсияи рушди сайёҳии ноҳия барои солҳои 2019-2025, аз ҷумла «Эко-туризм дар Ховалинг» таҳия шудааст, ки дар он оид ба мазеъҳои таърихӣ ва табиати дилангези ин ноҳия маълумот ҷой дода шудааст.

Дар ҷараёни сафари корӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бинои наву замонавии шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалингро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 40 кати хоб ва ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ мебошад. Дигар воќеаи муњим  ифтитоҳи бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо њущури Сарвари давлат буд. Бинои ҳизб дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат сохта ба истифода дода шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз бинои нав ва шиносоӣ бо шароити муосири кору фаъолият дар он ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои арзанда дода, иқдоми онҳоро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Дар маркази ноҳия меҳмонхонаи «Чилчанор» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Каримов бунёд шудааст. Меҳмонхона аз 2 ошёна иборат буда, бо 9 ҳуҷра дар як вақт имкон дорад то 18 нафарро қабул намояд. Ҳамчунин мардмуи ноҳия соњиби  амфитеатр бо ҳазор ҷойи нишаст гаштанд, ки дар масоҳати 4 ҳазор метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саймумин Юсупов бунёд шудааст. Маҷмааи варзишӣ, ки соҳибкори маҳаллӣ Зафар Сафаров сохтааст дорои се майдончаи вазишӣ барои бозии футбол, волейбол, баскетбол ва ҳавзи шиноварӣ мебошад. Иншооти номбурда дар њузури Пешвои миллат ифтитоњ ёфтанд.

Сарвари давлат њамчунин дар чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми Ховалинг» бахшида ба – 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Барномаи рангини фарҳангӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ховалинг бо иштироки зиёда аз 10 ҳазор сокинони сарбаланду меҳандӯсти ноҳия баргузор гардид.

Иштироки Пешвои муаззами миллат ифтитоњи бинои навбунёди Осорхони таърихӣ-кишваршиносии Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро басо хотирмон кард. Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои Дараи Мухтор воқеъ дар зодгоҳи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик сохта шудааст. Айни ҳол дар инҷо 1893 адад нигора, аз ҷумла 1393 адад асосӣ ва 500 адад ёрирасон мавҷуд аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ дар ноҳияи Ховалинг дар ҳудуди мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ меҳмонхонаи «Султон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз ин мавзеи таърихӣ дидан ва зиёрат намуданд. Меҳмонхонаи «Султон» бо тарҳи зебо аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Исмоил Садиров ва Маҳмадалӣ Раҳимов бо харљи 1,3 миллион сомонї сохта шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи ин меҳмонхона дар ҳудуди мамнуъгоҳ оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ ба натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинони ноҳия ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг мулоқоти самимӣ анҷом дода, дар вохурї бо роҳбарон ва фаъолони ноњия барои беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ховалинг ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *