ams.tj

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Балҷувон

Субҳи рӯзи 6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳаи хушманзараи Калтачанори ноҳия роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг бо самимияти беандоза ва руҳияи болида истиқбол намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачинори деҳоти Тоҷикистони ноҳия коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон»-ро ифтитоҳ карданд. Ширкати «Элегант-Балҷувон» дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ дар коргоҳ моҳи ноябри соли 2018 оғоз шуда буд. Дар он коркарди сангҳои табиии маҳаллӣ аз ҷумла, санги хоро, мармар ва ғайра ба роҳ монда, 20 нафар сокини маҳаллӣ ба ҷойи кор таъмин карда шуд. Тибқи маълумот, иқтидори коркарди сангҳои ороишӣ дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» дар марҳилаи аввал 12 ҳазор метри мураббаъ буда, дар оянда њаљми истењсол афзун гардонда, то 40 ҳазор метри мураббаъ расонида хоҳад шуд.

Сарвари давлат дар деҳаи мазкур њамчунин хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд. Аз оби он 4 ҳазор аҳолии деҳаҳои Охбулоқи 1, Охбулоқи 2 ва Солмолидашт истифода хоҳанд бурд. Сокинони ин се деҳаи ноҳияи дурдаст аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ солиёни зиёд танқисӣ мекашиданд.

Пешвои муаззами миллат дар ноҳия тарабхонаи замонавии «Насими Балҷувон» -ро, ки дар доираи истиқболи сазовор аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби бародарони соҳибкор Неъматовҳо сохта шудааст, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд. Тарабхона аз ду ошёна иборат буда, дар як вақт метавонад ба 200 нафар хизмат расонад.

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Сари Хосор ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Шайдон корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши “Сари Хосор” -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхона аз тарафи хоҷагии деҳқонии “Хӯҷаи сабз” дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, дар он 20 сокини маҳаллӣ, асосан занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 800 то 1000 сомонӣ таъмин шуданд. Дар мавсими ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои ҷангалзори минтақа бошад, зиёда аз 50 сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мегардад.

Сарвари давлат ҳамчунин дар ин деҳа майдончаи варзиширо ба истифода доданд. Он бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ бунёд ёфт. Тавре иттилоъ дода шуд, қаблан дар деҳоти Сари Хосор, ки аз минтақаҳои дурдасти ноҳияи Балҷувон ба шумор меравад, ҷавонону наврасон майдончаи муосири обу тоби бадан надоштанд.

Сипас дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии “Шайдон”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар гузашта хонандагон аз набудани таълимгоҳ дар дохили Бунгоҳи тиббӣ таълиму тарбия мегирифтанд. Сохтмони Муассисаи нави таълимї соли гузашта оѓоз оғоз ёфта буд. Мактаб аз ду ошёна иборат буда, имконият дорад, ки дар ду баст то 300 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирад. Барои обу тоби ҷисмонии хонандагон  як майдончаи хурди варзишӣ низ дар назди муассиса бунёд ёфтааст.

Пешвои муаззам ҳамчунин дар мавзеи Пушти боғи деҳоти Сари Хосор меҳмонхонаи наву замонавии “Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва бо имконоту шароити он аз наздик шинос шуданд. Меҳмонхона аз 3 ошёна ва нимтаҳхона иборат буда, дорои 30 ҳуҷра мебошад. 3 ҳуҷра дорои имкониятҳои дараҷаи олӣ буда, як ҳуҷраи дигар барои қабули меҳмони олиқадр пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкурро дар доираи дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат як гурӯҳ соҳибкорони ватандӯсте, ки имрӯз дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолияти самаранок доранд, сохтанд.

Баъдан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ин деҳоти кӯҳистони мамлакат мулоқоти судманду самимӣ анҷом доданд.

Дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноњияи Балљувон Сарвари давлат суханронӣ карданд. Он рўнамои ояндаи наздики ноҳия шуд, ки дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ноҳия ба ободию пешравиҳои минбаъда ноил гашта, рузгори мардуми он хеле беҳтар мегардад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди ноҳияи Балҷувон низ бо меҳнати ҳалолу пурсамар дар раванди умумии истиќболи сазовор аз 30-солагии Истиќлолияти давлатӣ баҳри шукуфоии пайвастаи Ватани маҳбуб саҳми арзанда хоҳанд гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *