ams.tj

Мониторинги паҳни рекламаҳои берунӣ

Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, оид ба пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар самти ғайриқонунӣ ва бе иҷозат паҳнкунии реклама дар ҳудуди шаҳри Душанбе мунтазам мониторинг доир менамояд.

Мониторинги паҳни рекламаҳои берунӣ дар шаҳри Душанбе  нишон дод, ки дар баъзе мавридҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ҳангоми паҳни рекламаҳои тиҷоратӣ талаботи қонунгузорӣ ба инобат гирифта нашудааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори паҳнкунандаи реклама, аз ҷумла назди Агентии “Тоҷикстандарт” истилоҳот бо дараҷаи баланди “Пирожки №1”, кӯчаи Маяковский ошхонаи “Тошкент №1” ва “Моҳибирён №1”, кӯчаи Борбад назди Бозори “Деҳқон” мағозаи фурӯши либосҳои мардона бо ибораи “Аълосифат”, кучаи Саид Носиров ошхонаи “Ҳилол №1”, мағозаи “Шафтолузор №1”, ресторани Канд “Рестоклуб шоми 101” бо акси машруботи тамоку (калян), рӯ ба руи колхози Россия ресторани “Шоми дидор” бо акси машруботи тамоку (калян), назди бозори Саховат ва даромади бозори Саховат расми пиво бо истилоҳи “Оби ҷав” ва “Свежее пиво” бартараф карда шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки Шуъба дар якҷоягӣ бо кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе ва кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» моҳи июли соли 2019, ҷиҳати бартараф намудани рекламаҳои ба қонунгузорӣ мувофиқ набуда, дар хиёбони Рудакӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Н. Қарабоев, Фучик ва Назаршоев корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳамзамон рекламаҳои таблиѓотии калян, машруботи спиртӣ, ки тибқи талаботи моддаи 17-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Реклама” манъ карда шудааст, бартараф карда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *