ams.tj

Ёддошти тафоҳумоид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатииҶумҳурии Ӯзбекистон оид ба мусоидат ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мусоидат ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат, ки минбаъд Ҷонибҳо номида мешаванд,

бо ироаи минбаъда тавсеа додани ҳамкорқ дар соҳаи сиёсати рақобат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон,

бо кӯшиши фароҳам овардани шароитҳои созгор баҳри рушди минбаъдаи ҳамкории Ҷонибҳо,

тибқи принсипҳои баробарҳуқуққ ва манфиатдории тарафайн,

бо таъкиди нақши муайянкунандаи сиёсати рақобат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мусоидат ба рушди пурсамари иқтисодии давлатҳои Ҷонибҳо,

дар ин бора ба мувофиқа расиданд:

 Моддаи 1.

Ҷонибҳо тибқи қонунгузории давлатҳои худ ҳамкориро дар ин самтҳо ба роҳ мемонанд:

– мубодилаи таҷриба дар бобати баррасии парвандаҳои вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорї ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишварҳои худ;

– муовизаи иттилооти ғайримахфқ, аз ҷумла бо дархости яке аз Ҷонибҳо дар бораи қонунгузорқ ва истифодаи ҳуқуқ дар соҳаи сиёсати рақобат, вазъияти бозорҳои молии кишварҳои худ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

– мубодилаи таҷриба дар соҳаи адвокатикунонии рақобат;

– мубодилаи афкор доир ба масоили бисёрҷонибаи ҳамкории байналмилалқ дар соҳаи қонунгузории зиддиинҳисорқ, сиёсати рақобат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон.

 Моддаи 2.

Ҷонибҳо барои рушди ҳамкорқ дар шаклҳои гуногун кӯшиш ба харҷ медиҳанд, аз он ҷумла бо роҳи:

– баргузории вохурию конфронсҳои дуҷониба ва чорабиниҳо доир ба такмили тахассус;

– иштирок дар фаъолияти созмонҳои байналмилалие, ки бо масоили сиёсати рақобат сарукор доранд, аз ҷумла Созмони ҳамкорқ ва рушди иқтисодқ, Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд, Шабакаи байналмилалии рақобат.

 

Моддаи 3.

Ҷонибҳо баҳсҳои вобаста ба тафсир ва истифодаи Ёддошти тафоҳуми мазкурро бо роҳи машварат ҳал хоҳанд кард.

 Моддаи 4.

Ёддошти тафоҳуми мазкур ҳуқуқу уҳдадориҳоеро, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалқ танзим мегарданд, ба миён намеорад.

 Моддаи 5.

Ҳамкории байни Ҷонибҳо тибқи Ёддошти тафоҳуми мазкур дар асоси қонунгузории давлатҳои Ҷонибҳо роҳандозқ мешавад.

 Моддаи 6.

Бо ризоияти мутақобилаи Ҷонибҳо метавонанд ба Ёддошти тафоҳуми мазкур тағйиру иловаҳо ворид намоянд, ки онҳо дар шакли протоколи алоҳида ба расмият дароварда мешаванд ва қисми ҷудонопазири Ёддошти мазкур ба ҳисоб меравад.

Ёддошти тафоҳуми мазкур аз рӯзи ба имзо расиданаш то анҷоми шаш моҳ аз рӯзи яке аз Ҷонибҳо аз Ҷониби дигар гирифтани огоҳиномаи хаттқ аз нияти қатъ кардани он мавриди амал хоҳад шуд.

«__» августи соли 2018 дар ду нусха бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ба имзо расонда шуда, ҳамаи нусхаҳо қувваи баробар доранд. Дар мавриди пайдо шудани ихтилоф ба матни русї афзалият дода мешавад.

 

Аз Хадамоти зиддиинҳисории

назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

Аз Кумитаи давлатии

 Ҷумҳурии Ӯзбекистон

оид ба мусоидат ба корхонаҳои хусусигардонидашуда

 ва рушди рақобат

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *