ams.tj

Қоидаҳои гузаронидани санҷиши риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар соҳаи  ҳимояи рақобат, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, инҳисороти табиӣ ва назорати фаъолияти рекламавӣ

Бо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «2» июли соли 2019, №86 тасдиқ шудааст

 

Қоидаҳои

гузаронидани санҷиши риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар соҳаи  ҳимояи рақобат, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, инҳисороти табиӣ ва назорати фаъолияти рекламавӣ

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Қоидаҳои гузаронидани санҷиши риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар соҳаи ҳимояи рақобат, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, инҳисороти табиӣ ва назорати фаъолияти рекламавӣ (минбаъд Қоидаҳои мазкур) дар асоси моддаи 14 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ», моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» таҳия гардида, тартиби ташкил ва гузаронидани санҷиши мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилот, корхона ва муассисаҳое, ки ба система ва нақшаи идоракунии мақомоти зикргардида дохил мешаванд, (минбаъд – мақомоти давлатӣ) муайян менамояд.
  2. Мақсади гузаронидани санҷишҳо ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии мақомотҳои давлатӣ ва шаҳрвандон, таъмини риояи шартҳо ва талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дарбораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи инҳисороти табиӣ», «Дар бораи реклама» (минбаъд – қонунгузории зиддиинҳисорӣ), пешгирӣ ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар фаъолияти мақомот давлатӣ мебошад, аз ҷумла:

-манъ кардани қабули санадҳо ё амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои  хоҷагидорва шаҳрвандонро маҳдуд менамоянд;

-ба вуҷуд овардани шароитҳои табъизӣ ё баръакс мусоид барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида;

-роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудкунии рақобат;

-халалдор кардани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ва шаҳрвандон;

– беасос ҷорӣ намудани маҳдудкунӣ ба таъсиси субъектҳои хоҷагидори нав дар ягон соҳаи фаъолият, инчунин манъ кардан ё маҳдудкунӣ ба иҷро гардидани намудҳои алоҳидаи фаъолият ё истеҳсоли намудҳои муайяни молҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

– манъ ё маҳдудкунии интиқоли озоди мол аз як минтақа ба минтақаи дигар ё маҳдуд намудани ҳуқуқи субъектҳои хоҷагидор барои хариду фурӯши молҳо;

– ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур дар бораи дар навбати аввал ба доираи муайяни харидорон (фармоишдиҳандагон) таҳвил намудани молҳо (кор, хизматрасонӣ) ё бастани шартномаҳо бе назардошти афзалиятҳое, ки бо қонунгузорӣ ё дигар санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст;

– беасос ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор додани имтиёзҳое, ки онҳоро дар бозори мол нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар ҳолати афзалиятнок мегузорад;

– муқаррар кардани маҳдудият барои харидорони молҳо (кор, хизматрасонӣ) вобаста ба интихоби субъектҳои хоҷагидоре, ки молро истеҳсол (иҷро, пешниҳод) мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои ҷойгиркунии молҳо, ки қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон муайян кардааст;

-ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

-танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ;

-танзими фаъолияти рекламавӣ.

  1. Санҷишҳо нақшавӣ, ѓайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ мешаванд.
  2. Санҷишҳои нақшавӣ дар асоси нақша – ҷадвали санҷишҳо, ки бо фармоиши Роҳбари мақомоти ваколатдор тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
  3. Санҷишҳои ѓайринақшавӣ дар ҳолатҳои истисноии зерин амалӣ карда мешаванд:

– бо дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ошкор намудани аломатҳои вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ваколатдор;

– ариза, шикояти шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ оид ба вайронкунии қонунгузории  зиддиинҳисорӣ  аз ҷониби мақомоти дахлдор;

– ошкор намудани маълумотҳои носаҳеҳ, ки дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ифода ёфтаанд;

– бо ташаббуси мақомоти давлатӣ дар асоси мактуби расмӣ;

– тибқи дархост, хоҳиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолати оѓоз намудани парвандаи ҷиноятӣ.

  1. Санҷиши иловагӣ танҳо дар ҳолати аз натиҷаи санҷиш розӣ набудани мақомоти давлатӣ гузаронида мешавад.
  2. Санҷиши такрорӣ дар доираи талаботи расмӣ дар бораи бартараф кардани камбудиҳои дар раванди санҷиши қаблӣ ошкоргардида гузаронида мешавад.
  3. Ҷадвали ҳарсолаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ оид ба риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардида дар сомонаи расмии мақомоти ваколатдор ҷойгир карда мешавад.
  4. Ҳангоми тартибдиҳии ҷадвали санҷишҳо самтҳои афзалиятноки фаъолият баҳри маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона, барпо намудан ва самарабахш фаъолият кардани бозорҳои мол, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ ва назорати фаъолияти рекламавӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор  муайян шудааст, ба назар гирифта мешавад.

 

  1. ТАРТИБ ВА ТАШКИЛИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШ

 

  1. Асос барои гузаронидани санҷиш оид ба риояи қонунгузории зиддинҳисорӣ фармоишҳои дахлдори мақомоти ваколатдор тибқи Замимаҳои 2-5 Қоидаҳои мазкур ба ҳисоб меравад.

Давомнокии санҷиш 5 рӯзи корӣ ба ҳисоб меравад.

  1. Фармоиш дар бораи гузаронидани санҷиш оид ба риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– сана ва рақами бақайдгирии фармоиш;

-намуди санҷиши гузаронидашаванда;

– номи пурраи мақомоти санҷишкунанда;

-асос барои гузаронидани санҷиш;

– мавзӯъ ва мақсади санҷиш;

– мансаб, насаб, ном ва номи падари шахсони санҷишкунанда;

– сана ва давомнокии гузаронидани санҷиш;

– имзои роҳбар.

  1. Мақомоти ваколатдор ҷиҳати арзёбӣ ва баҳогузории ҳуқуқвайронкуниҳои дар раванди санҷиш ошкоргардида тибқи талаботи қонунгзории зиддиинҳисорӣ вобаста ба ҷалб намудани экспертҳо, дар ҳайати комиссия оид ба санҷиши мақомоти дахлдор лоиҳаи фармоиш тайёр намуда, ба мувофиқа мерасонад.

 

  1. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОР ВА МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ

 

  1. Ҳуқуқҳои шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор:

– ҷиҳати амалӣ  намудани вазифаҳои худ аз субъекти хоҷагидор маълумоти ба мавзуи санҷиш алоқамандро дархост намуда гиранд (дар ҳолати зарурӣ бевосита бо нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо шинос шаванд);

          – дар ҳолати зарурӣ иқтибос гиранд ва ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ намоянд;

          – намунаи мол ва маҳсулотро барои ташхис ва баҳогузорӣ гиранд;

          – тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар бораи қоидавайронкуниҳо санад ва протоколҳо тартиб диҳанд;

          – агар азназаргузаронӣ бо санҷиш алоқаманд бошад, бино, таҷҳизот, дигар молу мулкро аз назар гузаронанд;

          – агар санҷиш бо риояи талаботи технологӣ алоқаманд бошад, аз раванди технологӣ дидан намоянд.

  1. Вазифаҳои мақомоти ваколатдор:

-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, №591 тасдиқ шудааст  ва Қоидаҳои мазкурро риоя намоянд;

– санҷишро танҳо мувофиқи қарори мақомоти санҷишӣ гузаронанд;

– нигоҳдории миқдор ва сифати ҳуҷҷатҳо, намунаҳои барои омӯзиш ва дигар маводи муваққатан гирифташуда ва баргардонидани саривақтии онҳоро таъмин намоянд;

– ба субъекти хоҷагидор мавзӯъ ва моҳияти вайронкуниҳо ва камбудиҳои ошкоргардидаро фаҳмонанд, оид ба бартараф намудани онҳо чораандешӣ намоянд, ба пинҳон кардани онҳо роҳ надиҳанд;

 – саривақт амалҳое, ки аломатҳои вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисориро доро мебошанд ошкор намоянд ва баҳри бартараф намудани сабабҳои пайдоиши ин вайронкуниҳо ва шартҳое, ки ба онҳо мусоидат мекунанд чораҳои зарурӣ андешанд;

– барои иштироки намояндагони мақомот ҳангоми гузаронидани санҷиш монеъ нашаванд ва ба саволҳои онҳо вобаста ба рафти санҷиш, шарҳу эзоҳ диҳанд;

– барои кори мақомот монеа эҷод накунанд;

– ҳисоботҳоро аз рӯи аризаҳо ва парвандаҳо дар хусуси вайронкунии қонунгузории  зиддиинҳисорӣ ҷамъ оваранд;

– қарорҳои қабулшудаи мақомотро оид ба риояи талаботи қонунгузории  зиддиинҳисорӣ таҳлил намоянд;

– ба мақомоти давлатӣ санадҳои ҳуқуқии асоснок ва дастурҳо, барои иҷрову бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда пешниҳод намоянд;

– риояи сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро таъмин намоянд.

  1. Пеш аз гузаронидани санҷиш мақомоти ваколатдор таҳлили пешакӣ гузаронида, санадҳои меъёрие, ки фаъолияти мақомоти санҷишшавандаро ба танзим медароранд, меомӯзад.
  2. Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ доранд:

– асоси гузаронидани санҷишро аз шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор талаб намоянд, бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти санҷишкунанда шинос шаванд;

– аз мақомоти ваколатдор нусхаи санади гузаронидани санҷишро дар давоми панҷ рӯзи корӣ баъд аз анҷоми санҷиш талаб кунанд;

– аз мақомоти ваколатдор оид ба мавзӯи санҷиш   шарҳу эзоҳ талаб намоянд;

– нисбати натиҷаҳои санҷиш тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунанд.

  1. Мақомоти санҷишшаванда вазифадоранд:

– шахсони мансабдори мақомоти ваколатдорро ба объектҳои дахлдори санҷишшаванда ҳангоми доштани фармоиш оид ба гузаронидани санҷиш роҳ диҳанд;

– бо талаби қонунӣ ва асосноки шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор  маводҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки барои амалӣ намудани санҷиш заруранд, пешниҳод намоянд;

– қарори мақомоти ваколатдорро оид ба бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида, иҷро намоянд;

– ба шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон кӯмак расонанд;

– аз рӯи саволҳои ба санҷиш алоқаманд баёноти хаттӣ диҳанд, аз ҷумла оид ба далелҳои ошкоршудаи вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ;

– ба оѓози санҷиш дар рӯзи муқарраргардида ва вақти муқаррагардида монеъ нашаванд.

 

  1. ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ НАТИҶАҲОИ САНҶИШ

 

  1. Баъд аз анҷоми санҷиш, новобаста аз натиҷаҳои он аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор ҳатман санад тибқи Замимаи 1-и Қоидаҳои мазкур бо дарҷи маълумотҳои зерин, тартиб дода мешавад:

– ҷои гузаронидани санҷиш ва санаи тартибдиҳии санад;

– мавзӯъ ва мақсади санҷиш;

– мансаб, насаб, ном ва номи падари шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор, ки санҷишро гузарониданд;

– номи пурраи мақомот, ному насаби роҳбари мақомот;

– маълумот оид ба санҷиши гузаронидашуда, натиҷаҳои он, ҳамчунин,чораҳои дидашуда оид ба камбудиҳои ошкорнамуда;

– давраи санҷиш ва маълумотҳои умумӣ оид ба ҳуҷҷатҳо, маводҳо, ки аз тарафи мақомот барои гузаронидани санҷиш, пешниҳод гаштаанд;

– натиҷаҳои санҷиш;

– ҳангоми ошкоркунии камбудиҳо – тасвири мухтасари онҳо дар асоси  меъёрҳои дахлдори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

– пешниҳодот оид ба оѓоз намудани парванда тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон.     

  1. Ҳангоми саркашӣ кардан аз қабули санади санҷиш дар нусхаи санаде, ки барои мақомот пешбинӣ шудааст, он қайд гардида, бо имзои шахси мақомоти ваколатдор тасдиқ карда мешавад. Дар ин ҳолат санад ба мақомот ба воситаи мактуби фармоишӣ бо таъинот фиристонида мешавад.
  2. Ба санад нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳисобҳо, ки аз тарафи шахси мансабдори мақомоти ваколатдор тартиб шудаанд, инчунин дигар маводҳои дар рафти санҷиш дастрас гардида, замима мешаванд.
  3. Санад на камтар аз ду нусха тартиб дода шуда, аз тарафи шахси мансабдори мақомоти ваколатдор, ки санҷиши дахлдорро гузаронидааст, ба имзо мерасад.
  4. Як нусхаи санад санҷиш ба мақомот дар давоми панҷ рӯзи корӣ супорида мешавад. Ҳангоми гирифтани санади санҷиш роҳбари мақомот вазифадор аст, дар нусхаи дигари санад оид ба гирифтани он имзо гузорад.
  5. Ҳангоми эътироз ё эрод доштани роҳбарӣ мақомот ба санади санҷиш, ӯ на дертар аз панҷ рӯзи тақвимӣ баъди имзо гузоштан, оид ба он баёноти хаттӣ ё эътироз пешниҳод менамояд.
  6. Баррасии парвандаҳо аз рӯи вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси  мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонсурат мегирад.  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *