ams.tj

Низомнома  оид ба тартиби танзими нарх (тариф) ба маҳсулот ва молҳои тайёркарда, хизматрасонии анҷомдодаи субъектҳои    хоҷагидор – доминантҳо ва инҳисорон

Бо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «3» июни  соли 2019, №73

тасдиқ шудааст

 

 

 

Низомнома

  оид ба тартиби танзими нарх (тариф) ба маҳсулот ва молҳои

тайёркарда, хизматрасонии анҷомдодаи субъектҳои

                              хоҷагидор – доминантҳо ва инҳисорон

 

  1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Низомномаи мазкур дар асоси талаботи моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» (минбаъд – Қонун) таҳия гардида, нисбати субъектҳои хоҷагидоре татбиқ мегардад, ки дар бозори моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, бо шумули хизматрасониҳое, ки ба онҳо имконият медиҳад ба рақобат таъсири ҳалкунанда расонида, ворид шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозор мушкил мегардонанд ё ба таври дигар фаъолияти озоди иқтисодии онҳоро маҳдуд месозанд.
  2. Мутобиқи моддаи 1 Қонун, Низомнома нисбат ба муносибатҳои вобаста ба истифодаи объектҳое, ки дорои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мебошанд, паҳн намегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки созишномаҳо (аҳдҳо) ва бақайдгирии истифодабарии онҳо ба маҳдудкунии рақобат нигаронида шуда бошанд.
  3. Танзими нарх (тариф) ба маҳсулот, молҳои (кор ва хизматрасонӣ) субъектҳои хоҷагидор – доминантҳо ва инҳисорон бо мақсади маҳдуд ва пешгирӣ кардани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона ҷорӣ гардида, барои муҳайё намудани шароитҳои фаъолияти самарабахши бозорҳои мол равона шуда, аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ (минбаъд- мақомоти ваколатдор) амалӣ карда мешавад.

                  

  1. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

 

  1. Дар Низомномаи мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мегарданд:

– бозори мол – соҳаи муомилоти мол ё молҳои боҳамивазшаванда, ки вобаста ба имконияти иқтисодӣ, ҳудудӣ ва технологии харидор барои ба даст даровардани мол муайян карда мешавад;

– бозорҳои танзимшаванда – бозорҳои моле, ки дар онҳо танзими давлатии нархҳо мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешаванд;

– мавқеи инҳисорӣ – доминантӣ – мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) дар бозори моле, ки ивазкунанда ва ё молҳои баҳамивазшаванда (минбаъд молҳои муайян) надоранд, ҳамчунин ба вай (онҳо) имконият медиҳанд ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонад ё ворид шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозор мушкил гардонад;

– намудҳои фаъолияти инҳисории маҳдудкардашуда – намудҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки мутобиқи моддаҳои 6, 7, 8 ва 16-и Қонун манъ карда шудаанд;

– нарх (тариф) – ифодаи пулии арзиши мол (хизматрасониҳо) воҳиди муайяни асъор (миллӣ ва хориҷӣ) барои шумораи воҳиди мол. Сатҳи нарх (тариф) аз рӯи як қатор ҳолатҳои объективие, ки аз иштирокчиёни аҳд вобаста набуда (хусусияти мол, рақобатпазирии он, сатҳи инҳисоркунонии бозор), инчунин ҳолатҳои субъективиро (интихоби тарафи шартнома, бозори муомилот, вақт ва намудҳои бастани аҳдҳо), ташкил медиҳад;

– субъектҳои хоҷагидор – шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ѓайритиҷоратие, ки фаъолияти онҳо барои бадаст овардани фоида равона шудааст, инчунин шаҳрвандоне, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкориро ишѓол менамоянд.  

           

  1. АМАЛҲОИ ЗИДДИРАҚОБАТИИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР

 

  1. Амали маҳдуд сохтан, барҳам додани рақобат ва халалдор намудани манфиати дигар субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё шахсони воқеӣ, ба субъектҳои хоҷагидор – доминантҳо ва инҳисорон манъ аст, аз ҷумла:

– баланд бардоштан, паст кардан ё таѓйир надодани нархҳо (тарифҳо);

– муқаррар намудани (дастгирии) нархҳо (тарифҳо), тахфиф, изофапулӣ (иловапулӣ), нархҳои иловашуда, хароҷот, фоида ё амалҳои дигар;

– баланд бардоштан, паст кардан ё дастгирии нарх дар музоядаҳо ва савдо;

– маҷбуран ҷорӣ кардани (дастгирии) нархҳои харид ё савдо, ё дигар шартҳои беадолатонаи муомилот барои гирифтани фоидаи зиёди инҳисорӣ, бо мақсади бартараф намудани рақибон;

– маҳдуд сохтани истеҳсол ё фурӯши молҳо бо мақсади беасос баланд бардоштани нархҳо;

– аз муомилот гирифтани молҳо, ки мақсад ва натиҷааш ташкил ё дастгирӣ намудани камчинӣ дар бозор ё баланд бардоштани нарх мебошад;

– беасос баланд бардоштани (паст кардани) нархҳои амалкунанда ба маҳсулот, мол (хизматрасонӣ), ки ба онҳо талабот мавҷуд аст;

– вайрон кардани қоидаи нархгузорӣ, ки дар асоси санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудааст;

– муқаррар ва дастгирӣ кардани нархҳои баланди (пасти) инҳисорӣ;

– ба харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва ѓайра беасос мебошанд;

– беасос кам ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо истеъмокунандагон талабот доранд ва ё фармоиш вуҷуд дорад, агар имконияти безарар истеҳсол кардани онҳо мавҷуд бошад;

– беасос даст кашидан аз бастани шартнома бо харидорони (фармоишдиҳандагони) алоҳида, ҳангоми мавҷудияти имконияти истеҳсоли безарари онҳо;

– бе огоҳкунии пешакии (пешниҳоди иттилоотӣ) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ (минбаъд – мақомоти ваколатдор) ҷорӣ намудани нархҳо (тарифҳо) ва даровардани таѓйироти дахлдор ба онҳо;

– маҳдуд сохтани ҳуқуқи ворид шудан ба бозор ё аз он бартараф намудани дигар субъектҳои хоҷагидор ба сифати фурӯшандагони моли муайян ё харидорони (фармоишгарони) он;

 

  1. УСУЛҲОИ ТАНЗИМИ НАРХ (ТАРИФ) БА МАҲСУЛОТ ВА МОЛҲОИ (ХИЗМАТРАСОНИҲО) ТАЙЁРКАРДА, АНҶОМДОДАИ СУБЪКТҲОИ ХОҶАГИДОР – ДОМИНАНТҲО ВА ИНҲИСОРОН

 

  1. Бо мақсади маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ, роҳ надодан ва барҳамдиҳии рақобат, ҳамчунин халалдор намудани манфиатҳои дигар субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё шахсони воқеӣ, нархҳои (тарифҳои) субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо ё мавқеи инҳисорӣ доранд, аз ҷониби мақомоти ваколатдор муайян карда мешавад.
  2. Танзими давлатии нархҳои (тариф) ба маҳсулот ва молҳои (кор ва хизматрасонӣ) тайёркарда, анҷомдодаи субъектҳои хоҷагидор – доминантҳо ва инҳисорон бо чунин усулҳо амалӣ карда мешавад;

– муқаррар намудани сатҳи ниҳоии иловапулии савдо;

          – муқаррар намудани сатҳи ниҳоии нархи фурӯши чакана;

– муқаррар намудани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ.

  1. Субъектҳои хоҷаагидор – доминантҳо ва инҳисорон вазифадор мебошанд, ки оид ба таѓйироти пешбинишудаи нархҳо (тарифҳо) ба маҳсулот, молҳо (кор ва хизматрасонӣ) дар муҳлати се рӯз мақомоти ваколатдоррро расман огаҳ намояд.
  2. Дар нархҳои (тарифҳо) маҳсулот, молҳо (кор ва хизматрасониҳӣ) субъектҳои хоҷагидор – доминантҳо ва инҳисорон арзиши аслӣ, даромаднокӣ ва андозҳои амалкунанда ба инобат гирифта мешаванд. Арзиши аслии маҳсулот, молҳо (кор ва хизматрасонӣ) субъектҳои хоҷагидор – доминантҳо ва инҳисорон ҳамаи хароҷотҳои корхонаро ҷиҳати истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулот бо нишондоди моддаҳои калкулятсионӣ дар бар мегирад.

 

 

  1. НАРХ (ТАРИФ) БА МАҲСУЛОТ ВА МОЛҲОИ (ХИЗМАТРАСОНИҲО) ТАЙЁРКАРДА, АНҶОМДОДАИ СУБЪКТҲОИ ХОҶАГИДОР – ДОМИНАНТҲО ВА ИНҲИСОРОН

 

 

  1. Барои танзими нархҳо, (тарифҳо) субъектҳои хоҷагидоре, ки мавкеъи ҳукмфармоиро дар бозори моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон доро мебошанд ба мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

– асоснокии сабабҳо ҳангоми мавҷудияти таѓйирёбии сатҳи нархҳо (тарифҳо);

– натиҷаи истифодаи нархҳои амалкунанда ба маҳсулот, молҳо  (кор ва хизматрасонӣ) андозаи фоидаи (зарари) эҳтимолӣ барои давраи минбаъда;

– калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот, молҳо (кор ва хизматрасонӣ) бо рамзкушоии тамоми моддаҳои хароҷот;

– даромад ва хароҷот аз рӯи намуди маҳсулот, молҳо (ко рва хизматрасонӣ) бо ифодаи миқдорӣ ва арзишӣ;

– сметаи хароҷот ва даромад тибқи воситаҳои буҷетӣ ва ѓайрибуҷетии махсус, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, инчунин маълумоти ҳисоботӣ оид ба иҷрои воқеии сметаҳои тасдиқшуда (барои муассисаҳои давлатӣ);

– ҷадвали муқоисавии нархҳои (тарифҳои) амалкунанда ва ҷоришаванда;

– нусхаи тавозуни муҳосибӣ бо замимаҳояш.

          Лоиҳаҳои нархҳо (тарифҳо) барои баррасӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо имзои роҳбарони субъектҳои хоҷагидор пешниҳод карда мешаванд.

          Мақомоти ваколатдор вазифадор аст, ки дар муҳлати даҳ рӯз, баъд аз гирифтани маълумот дар банди мазкур пешбинишуда, лоиҳаи нархҳои (тарифҳои) хизматрасониҳои субъектҳои хоҷагидорро, ки мавқеи ҳукмфармои ва инҳисориро дар бозори моли муайян доро мебошанд, баррасӣ намуда қарори дахлдорро, дар муҳлати се рӯз ба субъектҳои хоҷагидор ирсол намояд.

  1. Нархҳо (тарифҳои) ба маҳсулот ва молҳои тайёркарда, хизматрасонии анҷомдодаи субъектҳои хоҷагидор – доминантҳо ва инҳисорон, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор танзимшуда, нархҳои рақобатпазири бозорӣ ҳисобида мешаванд.
  2. Далелҳои вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва талаботи Низомномаи мазкур, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ошкор карда шудаанд, бо пешниҳоди маълумоти дахлдор ба мақомоти ваколатдор, ҷиҳати хулосабарорӣ пешниҳод карда мешаванд.
  3. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозори моли муайян ворид карда шудаанд, уҳдадоранд ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳисобот ва маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:

– ҳисоботи молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ аз рӯи натиҷаҳои солона то 1 майи соли оянда;

– ҳар семоҳа маълумот аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақомоти зиддиинҳисорӣ оид ба навъи маҳсулоти инҳисорӣ аз рӯи ҳаҷми истеҳсол, фурӯш, нарх ва дараҷаи даромаднокии молҳои инҳисорӣ баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ дар муҳлати то санаи 15 моҳи оянда.

 

 

  1. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТИ НИЗОМНОМА МАЗКУР
  2. Роҳбарони субъектҳои хоҷагидор – доминантҳо инҳисорон барои дуруст будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардашуда вобаста ба нархҳои (тариф) маҳсулот, молҳо (кор ва хизматрасонӣ) ҷавобгар мебошанд.

 Субъектҳои хоҷагидор – доминантҳо ва инҳисорон, барои риоя накардани талаботи Низомномаи мазкур мувофиқи боби 30 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Утвержден распоряжением Антимонопольной

службы при Правительстве Республики Таджикистан

от «__ » ____________ 2019 года №___

 

 

 

 

Положение

о порядке регулирования цен на изготовленную продукцию и товары, услуги, оказанные хозяйствующими субъектами-доминантами и монополистами

 

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЕ

 

  1. Настоящий Положение разработан на основании статьи 22 Закона Республики Таджикистан «О защите конкуренции» (далее – Закон) и распространяется на хозяйствующие субъекты, занимающих доминирующее положение на определенном товарном рынке Республики Таджикистан, включая услуги дающее им возможность оказывать решающее влияние на конкуренцию, затруднять доступ на рынок другим хозяйствующим субъектам или иным образом ограничивать свободу их экономической деятельности,
  2. В соответствии со статьей 1 Закона, Положение не распространяется на отношения, связанные с использованием объектов, обладающих правом интеллектуальной собственности, за исключением случаев, когда соглашения (сделки) и регистрация об их использовании направлены на ограничение конкуренции.
  3. Регулирование цен, (тариф) на продукцию, товары (работ и услуги) хозяйствующих субъектов – доминантов и монополистов, вводиться в целях ограничения и предупреждения монополистической деятельности и недобросовестной конкуренции, и направлен для создания условий эффективного функционирования товарных рынков и осуществляется государственным антимонопольным органом (далее – уполномоченный орган).

 

 

2.ОСНОВНЫЕ ПОНЯТИЯ

 

  1. В настоящем Положении используются следующие основные понятия:

– товарный рынок – сфера обращения товара или взаимозаменяемых товаров, которая определяется экономической, территориальной и технологической возможностью покупателя, для приобретения товара;

– регулируемые рынки – товарные рынки, на которых введено государственное регулирование цен в соответствие с антимонопольным законодательством Республики Таджикистан;

– доминирующее и монополистическое положение – исключительное положение одного или нескольких хозяйствующих субъектов (группы лиц) на рынке определенного товара, не имеющих заменяющих, либо взаимозаменяемых товаров (далее – определённый товар), также дающее ему (им) возможность оказывать решающее влияние на общие условия обращения товара на соответствующем товарном рынке или затруднять доступ на рынок другим хозяйствующим субъектам;

– виды ограниченной монополистической деятельности – виды деятельности хозяйствующих субъектов, которые ограниченно статьям 7, 8 и 9 Закона.

– цена (тариф) – денежное выражение стоимости товара (услуги) в единицах определённой валюты (национальной или иностранной) за количественную единицу товара. Уровень цены (тариф) складывается под влиянием ряда объективных обстоятельств, не зависящих от участников сделки (особенность товара, его конкурентоспособность, степень монополизации рынка), а также субъективных обстоятельств (выбор контрагента, рынка сбыта, времени, места и способа заключения сделки);

– хозяйствующие субъекты – юридические лица, в том числе иностранные лица, их объединения, коммерческие и некоммерческие организации, деятельность которых направлена на получение прибыли, а также граждане, занимающиеся предпринимательской деятельностью без учреждения юридического лица;

 

  1. АНТИКОНКУРЕНТНЫЕ ДЕЙСТВИЯ ХОЗЯЙСТВУЮЩИХ СУБЪЕКТОВ

 

  1. Запрещаются действия (бездействие) хозяйствующего субъекта (группы лиц), результатом которых являются или могут являться недопущение, ограничение, устранение конкуренции и (или) ущемление интересов других хозяйствующих субъектов (группы лиц), в том числе:

         –  повышение, снижение или поддержание цен (тарифов);

         – установлению (поддержанию) цен (тарифов), скидок, надбавок (доплат), наценок, затрат, прибыли или других действий;

         –  повышение, снижение или поддержание цен на аукционах и торгах;

         – навязывание (поддержание) покупных или продажных цен   или   других несправедливых условий сделки для получения монопольно высокой прибыли, с целью устранения конкурентов;

           – ограничение производства или реализации товаров с целью необоснованного повышения цен;

         – изъятие товаров из обращения с целью или результатом, которого является создание или поддержание дефицита на рынке либо повышение цен;

         – необоснованное повышение (понижение) действующих цен на
продукцию, товары (услуги), пользующиеся спросом;

– нарушение установленного нормативными правовыми актами порядка ценообразования;

        – установление, поддержание монопольно высоких (низких) цен;

        – необоснованное экономическими, техническими и иными условиями установление различных цен (тарифов) лицам, приобретающим один и тот же товар;

        – необоснованное сокращение или прекращение производства товаров, на которые имеются спрос или заказы потребителей, при наличии безубыточной возможности их производства;

        – необоснованный отказ от заключения договора с отдельными покупателями (заказчиками) при наличии возможности производства или поставки соответствующего товара;

        – ограничение доступа на рынок или устранение из него других хозяйствующих субъектов в качестве продавцов определённых товаров или их покупателей (заказчиков);

         – сокращению или прекращению производства товаров, на которые имеется спрос или заказы при наличии безубыточной возможности их производства.

 

  1. МЕТОДЫ РЕГУЛИРОВАНИЯ ЦЕН (ТАРИФ) НА ПРОДУКЦИЮ И ТОВАРЫ (УСЛУГИ), ИЗГОТАВЛИВАЕМЫЕ, ОКАЗЫВАЕМЫЕ ХОЗЯЙСТВУЮЩИМИ  СУБЪЕКТАМИ – ДОМИНАНТАМИ И МОНОПОЛИСТАМИ

 

  1. В целях ограничения и пресечения монополистической деятельности, недопущение и устранение конкуренции, а также ущемление интересов других хозяйствующих субъектов (группы лиц) или физических лиц, определение цен (тарифов), или их предельного уровня хозяйствующих субъектов, занимающих доминирующее положение на определённом товарном рынке Республики Таджикистан, регулируются уполномоченного органа.
  2. Государственное регулирование цен (тарифов) на продукцию и товары  народного потребления и услуг, осуществляется следующими методами регулирования:

– установления предельного уровня торговой надбавки;

          – установления предельного уровня розничных цен;

– установления предельного уровня рентабельности

  1. О предстоящих изменениях цен (тарифов) на продукцию, товары (услуги) хозяйствующие субъекты занимающие доминирующее положение на определённом товарном рынке Республики Таджикистан обязаны в течении трёх дней информировать уполномоченный орган.
  2. В ценах, тарифах продукции, товаров (услуг) хозяйствующих субъектов-доминантов и монополистов учитываются себестоимость, рентабельность и действующие налоги. Себестоимость товарной продукции хозяйствующих субъектов-доминантов и монополистов фиксирует все затраты предприятия на производство и сбыт товарной продукции, в разряде калькуляционных статей.
  3. Для согласования цен (тарифов) хозяйствующие субъекты, занимающие доминирующее положение на определённом товарном рынке Республики Таджикистан представляют в уполномоченный орган следующие документы:

–  обоснование причин  при  наличии  изменения уровня  цен  (тарифов);

– результат применения действующих цен на услуги, размер вероятной прибыли (убытки) для предстоящего периода;

– калькуляцию себестоимости продукции, товара (услуг) с расшифровкой всех статей затрат;

– доходы и расходы от видов продукции, товара (услуги) в натуральном и стоимостном выражении.

– смету расходов и доходов по бюджетным и специальным внебюджетным средствам, утверждённые Министерством финансов Республики Таджикистан, а также отчётные данные о фактическом исполнении утверждённых смет (для государственных учреждений);

– сравнительную таблицу действующих и вводимых цен (тарифов).

– копия бухгалтерского баланса с приложениями.

          Проекты цен (тарифов), с приложениями необходимых документов представляются на рассмотрение за подписью руководителей хозяйствующих субъектов.   

Уполномоченный орган обязан в десятидневный срок после получения всей необходимой информации, рассмотреть и согласовывает цены (тарифы) на услуги хозяйствующих субъектов, занимающих доминирующее и монопольное положение на рынках определенных товаров, в трёхдневный срок направляет хозяйствующим субъектам.

  1. Цены (тарифы) на продукцию и изготавливаемые товары, услуги  хозяйствующими субъектами – доминантами и монополистами, которые определены со стороны уполномоченного органа, считаются рыночно – конкурентоспособные цены.
  2. Факты нарушения антимонопольного законодательства и требования данного Положения, которые выявлены со стороны государственных органов, с соответствующей информацией предоставляется в уполномоченный орган для дальнейшего рассмотрения. антимонопольного органа в исполнении служебных обязанностей.
  3. Хозяйствующие субъекты, внесенные в Реестр хозяйствующих субъектов, имеющих доминирующее положение на рынке определенного товара, обязаны предоставить государственному антимонопольному органу отчеты и следующую информацию:

– финансовый отчет в соответствии с законодательством Республики Таджикистан о бухгалтерском учете и финансовой отчетности по итогам текущего года до 1 мая следующего года;

– сведения по форме, установленной антимонопольным органом о видах монопольной продукции по объемам производства, продажах, цене и степени доходности монопольных товаров после отчетного квартала в срок до 15 числа следующего месяца.

 

 

5.ОТВЕТСТВЕННОСТЬ ЗА НЕИСПОЛНЕНИЕ ТРЕБОВАНИЯ НАСТОЯЩЕГО ПОЛОЖЕНИЯ

  1. Руководители хозяйствующие субъекты – доминанты и монополисты несут ответственность за достоверность предоставленных документов о ценах (тарифах) на товары, продукции (услуги).

          Хозяйствующие субъекты – доминанты и монополисты, за неисполнение требования данного Положения несут ответственность в соответствии с главой 30 Кодекса административного правонарушения Республики Таджикистан.

 

 

 

     

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *