Эмомалӣ Раҳмон - пешвои пазируфтаи халқ

Эмомалӣ Раҳмон - пешвои пазируфтаи халқ “Дар таърихи давлату халқи тоҷик 9 декабри соли равон воқеа...

Зарурати тақвияти рақобат дар бозори доруворӣ

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки 30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанб...

МСАП вазифаҳои ояндаро муайян мекунад

Дар Москва дар доираи ҳамоиши байналмилалии “Ҳафтаи рақобат дар Русия” ҷаласаи 43-юми Шурои байнидав...

  • Эмомалӣ Раҳмон - пешвои пазируфтаи халқ

  • Зарурати тақвияти рақобат дар бозори доруворӣ

  • МСАП вазифаҳои ояндаро муайян мекунад

Эмомалӣ РАҲМОН

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

10.06.2018 11:40, Чин


10 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ин навбат дар ҳайати 8 кишвари аъзо - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи корӣ, ки асосан аз дарёфти роҳҳои муҳиму муштараки муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, рушди ҳамкории давлатҳои аъзо дар самтҳои гуногуни амният, иқтисодиёт, ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ иборат буд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Муфассал...
 
Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев


31.05.2018 12:06, шаҳри Душанбе

31 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҳолат ва дурнамои маҷмуъи муносибатҳои дӯстиву равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муфассал...
 
Оғози бунёди ду муассисаи нави таълимӣ бо 4800 ҷойи нишаст дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

30.05.2018 11:20, шаҳри Душанбе

30 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо тарҳи лоиҳаи “Бунёди бинои таълимӣ барои 2400 хонанда дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ду муассисаи таълимӣ ҳар кадоме бо 2400 ҷойи нишаст санги асос гузоштанд.

Муфассал...
 
Оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти Донишкадаи исломии Тоҷикистон

30.05.2018 08:29, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшиданд.

Муфассал...
 
<< Начало < Предыдущий 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Далее > Конец >>