ДУШАНБЕ, 20.09.2022 / «Хадамоти зиддиинҳисорӣ»/ 14 сентябри соли 2022 Суди олии Федератсияи Россия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави Федератсияи Россия манъ кард.
Мурофиаи судӣ паси дарҳои баста баргузор шуд.
Қаблан Прокуратураи генералии Федератсияи Россия бо талаби террористӣ эътироф намудани ҲНИТ ба Суди олии Федератсияи Росия даъво пешниҳод карда буд.
«Суд даъвои Прокуратураи генералии Федератсияи Россияро дар бораи террористӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва мамнӯъ намудани фаъолияти он дар қаламрави Федератсияи Русия қонеъ гардонд».
Дар Тоҷикистон фаъолияти ин ташкилот ҳанӯз моҳи сентябри соли 2015 мамнӯъ эълон шуда буд. Соли 2017 ин ҳизб ба феҳристи ташкилоти террористии сохтори зиддитеррористии СҲШ шомил карда шуд.
ҲНИТ ҳамчунин ба «Феҳристи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда дар кишварҳои узви СААД” шомил шудааст. Ба ин феҳрист ҳамчунин ташкилоти террористии байналмилалӣ, аз қабили «Ал-Қоида», «Давлати исломӣ», «Ихвонулмуслимин», «Ансоруллоҳ» шомил гардидаанд.
Манбаъ АМИД «Ховар»