Мутахассисони Шуъбаи танзими соҳаи энергетикаи барқии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июли соли 2022 ҳисоби санҷишии (тестии) тарифи неруи барқро аз рӯи «Метдологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки таҷрибаи нав дар соҳаи энергетикаи барқии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, оғоз намуданд.
Бо ин мақсад, дар маҷлисгоҳи Хадамот вохурии сеҷониба бо намояндагони Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва коршиносони Лоиҳаи «Энергетика дар Осиёи Марказӣ» гузаронида шуд.
Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо масъалаи ҷамъоварии маълумотҳои молиявӣ, ки барои ҳисоби тарифи нерӯи барқ заруранд, мавриди баррасӣ қарор дода, фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.