Имрӯз дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо иштироки Қурбонзода Манучеҳр Мусо – нозири калони Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Қурбонзода Манучеҳр Мусо махсусан вобаста ба муаррифи нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” суханронӣ намуда, вобаста ба мафҳумҳои асосии боби якум – коррупсия, муқовимат ба коррупсия, ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, вазифаҳои давлатӣ, истифода аз мақоми хизматӣ ё имкониятҳои он, манфиати давлатӣ, манфиати шахсӣ, пешгирии коррупсия ва принсипҳои асосии муқовимат ба коррупсия маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.
Дар охир роҳбарият ва кормандони Хадамот ба муҳтарам Қурбонзода М.М. изҳори миннатдорӣ баён намуда, бовар кунониданд, ки баргузории чунин вохӯриҳо танҳо ба манфиати хизматчиёни давлатӣ буда, ҷиҳати роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, чораҳои заруриро меандешанд.