ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати босамари таъмини сифат, бехатарии мол, кор ва
хизматрасониҳо омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти
мамлакат ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.

Ҷаласа дар Хадамот бо намояндагони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Ассосиатсияи «Воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ», ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон», ҶДММ «Хубҷамъ Инвест», ҶДММ «Орди фатир» ва ҶДММ «Султони Ҳаким»

Дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Ассосиатсияи «Воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ», ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон», ҶДММ «Хубҷамъ Инвест», ҶДММ «Орди фатир» ва ҶДММ «Султони Ҳаким» ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаи муқаррар намудани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ ва иловапулии савдо ба Номгӯи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд ва муайян намудани омилҳои таъсиррасон ба раванди афзоишёбии нархҳо дар бозори ҷумҳурӣ баррасӣ гардид.

Ҷаласаро муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода С.Н. ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки бо мақсади иҷрои банди 5 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 «Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд» ба тасвиб расидааст.

Тибқи қарори болозикр ба Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ карор дода мешаванд, 19 номгӯи мол ва маҳсулот дохил карда шудаанд.

Мақсад ва зарурати ҷорӣ намудани танзими давлатии нархҳои молу маҳсулоти ниёзи мардум, ин пешгирӣ намудани омилҳои болоравии беасоси нархҳо, инчунин пеш аз ҳама ҳимояи манфиати истеъмолкунандагон ва амнияти миллии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба вазъи бозори мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ва муқаррар намудани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ ва иловапулии савдо ба Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд, аз ҷониби Зарифзода С.З и.в. сардори раёсати ҳимоя ва рушди рақобат қайд гардид, ки бо мақсади танзими давлатии нархҳо (тарифҳо)-и мол, маҳсулоти истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018, №257 «Низомномаи тартиби ташакул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо» тасдиқ карда шудааст.

Дар асоси бандҳои 22 ва 23 ҳамин Низомнома меъёрҳои танзимкунанда барои маҳсулот, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аз рӯи натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда муайян карда мешавад.

Танзими давлатии нархҳо (тарифҳо)-и мол, маҳсулоти истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо асосан бо се усул, аз ҷумла бо роҳи муқаррар намудани маҳдудияти иловапулии савдо ба нархи озоди яклухти фурӯш ва чакана, сатҳи ниҳоии нархҳои чакана (тарифҳо) ё сатҳи ниҳоии даромаднокӣ ба муҳлати муайян татбиқ карда мешавад.

Бо назардошти он, ки солҳои охир дар бозорҳои кишвар сатҳи нархҳо барои молу маҳсулоти ниёзи мардум дар аксар маврид тамоюли болоравиро касб менамояд, ин омил ба сатҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ва оромии ҷамеъа таъсири манфӣ расонида, нигарониҳои онҳоро ба миён меорад.

Вобаста ба масъалаи мазкур директори  Ассотсиатсияи “Воридкунандагони маҳсулоти нафту газ” Бегаҳмадов Ё., намояндаи ҶДММ “Султони Ҳаким” Ҳасанов С., ҶДММ “Хубҷамъ Инвест” Юсупов М. баромад намуда, изҳори назар намуданд.

Бо назардошти баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳо пешниҳод гардид, ки бо мақсади пешгирии беасоси болоравии нархи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд, танзими давлатии нархҳо ба як қатор маҳсулотҳо, аз ҷумла барои орд, гандум, равғани растанӣ, шакар, маҳсулотҳои нафтӣ ва нуриҳои минералӣ бо роҳи муқаррар намудани маҳдудияти сатҳи ниҳоии даромаднокӣ амалӣ карда шавад.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

Вы должны быть авторизованы, чтобы разместить комментарий.