8 апрели соли 2022 дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷаласаи ҳайати Мушовара оид ба натиҷаи фаъолият дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарият, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва кормандони масъули Хадамот иштирок намуданд.Дар оғози суханронии муовини якуми сардори Хадамот муҳтарам Сафаралӣ Қурбонзода қайд гардид, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2022 баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин протоколҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ дар самти танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, нигаронида шуда корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.Сипас ҳисоботҳои сардорони раёсатҳои сохторҳои маҳаллӣ ва Дастгоҳи марказии Хадамот шунида шуда, аз чониби Роҳбарият баҳои қаноатбахш гирифтанд ва ҳамзамон дар раванди ҷаласа қарори ҳайати мушовара бо дарназардошти вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2022 қабул карда шуд. Дар охир вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ муайян гардиданд.

By ams.tj

Leave a Reply