Дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 январи соли 2022 бо иштироки роҳбарият ва кормандон ҷаласаи ҳайати мушовора оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2022 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Х. иштирок намуд.
Вобаста ба натиҷаҳои фаъолият сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баромад намуданд.
Сардори раёсати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ Ибодзода Ш.М. вобаста ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки фаъолияти рекламавиро танзим менамоянд, баромад намуда, қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар мақомотҳои давлатии иҷроияи ҳокимияти давлатии якчанд шаҳру ноҳияҳо санҷиш гузаронида, барои вайрон намудани талаботи қонунгузории реклама дар асоси талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Дар баробари ин, аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда барои тақвият баъшидани фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияи мамлакат дар самти назорати фаъолияти рекламавӣ ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти реклама барои ҷоннок намудани корҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат тавсияҳо ирсол гардидааст.
Дар ҷаласа аз ҷониби сардори Хадамот Абдулмаҷид Муминзод вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2022 муайян гардида, ҷиҳати иҷрои саривахтии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас додашуд.