Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастгирии қишри камбизоати ҷомеъа, хона-интернатҳо ва қисмҳои низомӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ ба Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2”-и шаҳри Душанбе, хона-интернати ноҳияи Шаҳристон ва қисми ҳарбии 0202 Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои солинавӣ ва маводи ғизоӣ тақдим намуд.
Иқдоми мазкур руҳияи ватандустию меҳанпарастии сарбозони қисмҳои низомиро баланд бардошта, эҳсоси ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллатро дар қалби ятимону маюбон бедор менамояд.