Дар Ҷумҳурии Қазоқистон масъалаи ворид намудани маҳсулоти нафтӣ ва газ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Масъалаи мазкурро сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ва муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифа Худобахш инчунин муовини аввали сардори  Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода бо Асет Магаумов муовини вазири энергетикаи Қазоқистон ва роҳбарони ширкатҳои қазоқистонии “КазМунайГаз” ва “Тенгизшевройл” баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон чунин вохурӣ дар Кумитаи танзими монаполияҳои табиии Вазорати иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

By ams.tj

Leave a Reply