Санаи 15 ва 16 июли соли 2021 бо мақсади ба танзим даровардани нархи маҳсулотҳои аз ҷихати иҷтимоӣ аввалиндараҷа, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд вобаста ба пешомади Иди Саиди Қурбон, аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе рейди муштарак гузаронида шуд.

Бо натиҷаи рейдхо дар бозорҳо байни роҳбарият ва соҳибкорон корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда, нархномаи маҳсулотҳо дар паҳлӯи хар як маҳсулот овезон карда шуд. Гузаронидани рейд аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо сохторҳои маҳаллӣ ва дигар мақомотҳо идома дорад. Назорати беасос болоравии нархҳо мунтазам амалӣ карда шуда, вобаста ба комбудиҳои ошкоргардида тибқи қонунгузорӣ чораҷӯӣ карда мешавад.

By ams.tj

Leave a Reply