Санаи 22 июни соли 2021 дар идомаи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру азнавсозии майдончаи варзишӣ воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Шероз назди хонаи инфиродии №24/1 аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба анҷом расонида шуд.

Иқдоми мазкур дар заминаи сиёсати созанда ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта, дар солимигардонии насли наврас ва дигар сокинон нақши азранда хоҳад дошт. Кушодашавии майдончаи мазкур дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардида, дар он роҳбарият ва кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва сокинони маҳаллӣ иштирок доштанд. Дар рафти кушодашавии майдонча роҳбарияти ноҳияи Исмоили Сомони саҳми роҳбарият ва кормандони Хадамотро дар ободу зебо гардонидани пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе назаррас арзёбӣ намуда, бо ифтихорнома сарфароз гардониданд.

Боиси зикр аст, ки дар раванди азнавсозии майдончаи варзишӣ қисмҳои корношоями асбобҳои варзишӣ пурра иваз ва рангубор карда шуда, дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд.

Ҳамзамон ёддовар бояд шуд, ки ин дуюмин майдончаи варзишии таъмирнамудаи Хадамот дар соли ҷорӣ буда, азнавбарқароркунии майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт идома дорад.

By ams.tj

Leave a Reply