Боис зикр, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ аз сиёсати созанда ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ сохтмони се адад майдончаҳои варзиширо дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт ба уҳда гирифта, ҷавобгу бо талаботҳои замони муосир сохта ба истифода доданд. Дар ин замина, Роҳбарияти Хадамот пайваста аз ҳолати кории майдончаҳои мазкур назорат бурда, ҷиҳати дар ҳолати корӣ нигаҳдории онҳо чораҳои амалӣ меандешанд.

Ин буд, ки санаи 16 июни соли 2021 таъмир, рангубор, хуррамгардони ва шинонидани дарахтони сояфкан дар майдончаи варзишӣ воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт назди бинои №93/1 аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба итмом расонида шуд. Боиси зикр аст, ки дар маросими супоридани майдончаи мазкур Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ муҳтарам Абдулмаҷид Муминзод ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф бо назардошти намояндагони Воситаҳои ахбори омма ҳузур дошта суханронӣ намуданд.

Зимни суханрониҳо қайд гардид, ки сохтмон ва таъмири майдончаи мазкур бо мақскади созовор пешвоз гирифтани ҷашни рӯзи ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда, туҳфаи арзишманд барои сокинони маҳаллаи мазкур маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, бо ин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Роҳбарият ва кормандони Хадамот ҷиҳати саҳми назаррас гузоштан дар ободии пойтахти кишвар шаҳри Душанбе Ифтихорнома супорида шуд.

Дар охир Сардори Хадамот Абдулмаҷид Муминзод аз сокинони маҳаллаи мазкур истифодаи дурусти асбобҳои варзишӣ ва дар умум тозаю озода нигоҳ доштани майдончаи варзиширо хоҳиш намуда, қайд карданд, ки ободии Ватан аз ободии хона ва маҳалла оѓоз мегардад. Инчунин, изҳори омодагии худро дар ободии минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол иброз намуданд.

By ams.tj

Leave a Reply