Санаи 28 майи соли 2021 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ширин ба ноҳияи Шаҳристон сафари коррӣ анҷом доданд.
Солеҳзода дар идомаи сафари коррӣ дар якҷоягӣ бо Раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баҳодур ва дигар ҳайати расмӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Боиси зикр аст, ки роҳбарияти ноҳия бо назардошти мӯҳлат (моҳҳои башумор монда) ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суръати корҳои сохтмониро дар деҳаю ҷамотҳои ноҳия тезонида, ҷиҳати ҳавасмангардонии кормандон чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Далели гуфтаҳои болоро Роҳбари гурӯҳи коррӣ ҳамгоми боздид аз иншоотҳо тасдиқ намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки аз ин баъд низ мардуми сарбаланду меҳнатдӯсти ноҳия дар пайравии сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат корҳои сохтмониро дар муҳлатҳои муқарраргардида сохта ба истифода медиҳанд.
Лозим ба ёддоварист, Нақшаи чорабиниҳои моқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон оид ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйиру иловаҳо аз 136 банд иборат буда, то санаи 28 майи соли 2021, 104 банди он пурра ба истифода дода шуда, ба ҳисоботи омории давлатӣ ворид гардидааст.
Ҳамзамон, Роҳбари гурӯҳи корӣ муҳтарам Абдулмаҷид Муминзод дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва дигар аъзои гурӯҳ назоратро аз болои 36 банди боқимонда пурзӯр намуда, дар ин самт ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе шахсан ва ё ба воситаи муовинон сафарҳои корӣ анҷом дода мешавад.
Дар оянда Роҳбарияти Хадамот, ҳамчун роҳбари гурӯҳи корӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо назардошти мӯҳлати муқарраргардида иҷрои сохмонҳои боқимондаро сари вақт ба анҷом расонида шаванд.