Санаи 12 апрели соли 2021 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамбастии натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар семоҳаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2021 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Роҳбарият ва кормандони Хадамот иштирок намуданд. Дар оғози суханронии Сардори Хадамот муҳтарам Абдулмаҷид Муминзод қайд гардид, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2021 баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин протоколҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ дар самти танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, нигаронида шуда корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст. Сипас ҳисоботҳои сардорони раёсатҳои сохторҳои маҳаллӣ ва Дастгоҳи марказии Хадамот шунида шуда, аз чониби Роҳбарият баҳои қаноатбахш гирифтанд ва ҳамзамон дар раванди ҷаласа қарори ҳайати мушовара бо дарназардошти вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2021 қабул карда шуд.

 

By ams.tj

Leave a Reply