Хонда шуд:
3,438
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла Маркази ташхисию табобатии ба номи Юсуфӣ, ки аз ҷониби духтури ботаҷриба Ниёзмамадов Юсуф бунёд гардида, дар он шароити муосири хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст, ба истифода супорида шуд. Ҳамзамон, як майдончаи муосири варзишӣ ва мағозаи хӯрокворӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар тантанаҳои идонаи Наврӯзӣ маросими хатнасури 15 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат баргузор карда шуда, ба дӯстрӯякон туҳфаҳои хотирмон тақдим гардид.
Ҳамзамон, дар Рӯзи таҷлили ҷашни ҷаҳонии Наврӯз сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин ва дигар шахсони масъул дар маркази ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд аз шароити хизматии сарбозону афсарони Қисми низомии 03040 ва қисми сарҳадоти 0202 шиносоӣ пайдо карданд. Зимни боздид аз шароити моддию маишии сарбозон ба қисми ҳарбӣ маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ кӯмак карда шуд. Баҳри фароғату ҳушҳолии сарбозони далеру шуҷои Ватан барномаи рангини консертӣ ташкил гардид.