Имрӯз сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Абдулмаҷид Муминзод бо иҷрокунандаи вазифаи мудири намояндагии Агентии рушди байналмилалии ИМА – Кэйт Симмонс мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот масъалаи дастгирии институтсионалӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ баррасӣ гардид. Ҷонибҳо дар охир бо пешниҳодҳои иҷрокунандаи мудири Агентии рушди байналмилалии ИМА ҷиҳати таҳияи механизми ҳамкории минбаъдаи USAID ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба мувофиқа омаданд.

By ams.tj

Leave a Reply