Санаи 17 феврали соли соли 2020 дар бинои Дастгоҳи марказии Хадамот бо иштироки Роҳбарият, кормандон ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи такмили санадҳои меъёриҳуқуқӣ соҳавӣ ва таҳлили нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.  Дар кори ҷаласа Сардори Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳои Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифӣ Дилшод Неъматзода ва Сарнозири ҳамин Раёсат Умарзода Пайрав Орифҷон иштирок доштанд.

Дар оғоз Муовини якуми Сардори Хадамот Музаффарзода Дилшод Музаффар ҷаласаро оғоз намуда, барои ҳамкориҳои зич ва гузаронидани чорабиниҳои якҷоя изҳори сипоси Хадамотро ба Агентӣ расонид. Аз ҷумла, қайд намуд, ки бисёр самтҳои фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия, махсусан дар бахши таъмини волоияти қонун, риоя ва таъмини шаффофият дар амалиётҳои иқтисодиву молиявӣ, инчунин меҳнати садоқатмандона дар иҷрои вазифаву ваколатҳои ба рушди иқтисодиёт нигаронидашуда монанд мебошанд. 

Сипас намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифӣ Дилшод Неъматзода, дар бораи бартараф намудани сабабу шароитҳои ба қонунвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда суханронӣ намуда, зикр карданд, ки яке аз сабабҳои содир шудани омилҳои коррупсионӣ ин аз номукаммал будани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сарчашма гирифта, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии босифат ва асоснок талаботи замон мебошад. Зеро муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуда, ҳаматарафа ва мушахас намудан, аз лиҳози коррупсиони шаффоф будан, содда ва фаҳмо будани меъёрҳои он кафолати таъмини қонуният буда, низоми давлатдориро мустаҳкам мегардонад.  Мавсуф бо далелҳои мушаххас лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба Агентӣ ворид гардидаро муҳокима намуда, меъёрҳо ва талаботҳои қонунгузориро ки ба таҳия ва пешниҳодсозии санадҳои меъёрӣ мувофиқат менамоянд, таъкид намуданд. Шаклу усулҳои дурусти механизми ҳуқуқэҷодкунии санадҳои меъёриву ҳуқуқии аз ҷониби Хадамот пешниҳодшавандаро фаҳмонида, ба мутобиқатии онҳо ба дигар санадҳои меъёрӣ  — ҳуқуқиро шарҳ доданд.

Инчунин, дар раванди ҷаласаи мазкур намояндаи дигари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Пайрав Орифҷон вобаста ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ба як падидаи муҳими муайянкунандаи самтҳои фаъолияти давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеъа мубаддал гардидааст. Зикр гардид, ки намояндагони касбу кори гуногун дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат ҳатман нуқтаҳои муҳими фаъолияти худро пайдо намуда, дастуреро барои фаъолият то Паёми дигар ба даст меоранд. Таваҷҷуҳи кулли мардуми кишвар ба Паёми навбатии Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нишони дастгирии сокинон ба тасмимҳои шоиставу саривақтии роҳбарияти олии кишвар мебошад. Аз ҷониби мавсуф нуктаҳои асосии Паём шарҳ дода шуда, нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодӣ дар давраи солҳои гузашта зикр гардида, нақшаву ҳадафҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ гардид.

By ams.tj

Leave a Reply