Бо ибтикор ва дасгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 январи соли 2021, 20 солагии мақомоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Роҳбарияти Хадамот дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷаласаи мазкурро дар меҳмонхонаи Серена баргузор намуданд.

Ёддовар мешавем, ки дар кори ҷаласа бо шумули роҳбарият ва кормандони Хадамот, инчунин собиқадорон ва намояндагони дигар мақомотҳои давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдулмаҷид Муминзод собиқадорон ва меҳмони ҳузурдоштаро харрамақдам гуфта, бо ёдовари аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муазамми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд,  ки дар заминаи низомномае, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 227 тасдиқ гардидааст, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроия буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ, танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ амалӣ менамояд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки таъсиси мақомоти мазкур дар бахши иқтисод ва рушди бемайлони он ва болобарии муттасили некуаҳволии халқи мамлакат таъсири худро гузоштааст.

         Баъд аз суханронии пурмуҳтаво бо таклифи Роҳбарияти Хадамот собиқадорон ва меҳмонони ҳузурдошта суханронӣ намуда, оид ба фаолияти дирузу имрузи мақомоти зиддиинҳисорӣ ёдоварӣ карданд ва нақшу мақоми ин ниҳоди давлатиро дар пешбурди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвари азизамон муҳим арзёбӣ намуданд.

      Лозим ба ёддоварист табрикнома бахшида ба 20-солагии мақомоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ, Вазири  танзими зиддиинҳисорӣ ва савдои Ҷумҳурии Белорус Колтович В В қабул гардид.

     Дар интиҳо аз ҷониби Роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба собиқадорон ва меҳмонони ҳузурдошта туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

 

 

By ams.tj

Leave a Reply