Ба истиқболи сазовори 30 солагии Итиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Аз ҷумла дар ноҳияи Шаҳрисони вилояти Суғд ҷабҳаи бузурги созандагӣ вусъат пайдо карда, иншооти таъиноти гуногун бунёд мегардад. Дар баробари раванди созандагиҳо дар ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ва ташкилоту муассиса дар самти истифодаи сарфакоронаи неруи барқ гузаронда мешавад. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин бо сокинони меҳнатқарини ноҳияи Шаҳристон мулоқоту вохӯриҳо доир намуда, ҷиҳати тезондани корҳои ободонию созандагӣ дар иншооти ҷашнӣ суханронии пурмуҳтаво карданд. Аз ҷумла дар ҷараёни сафари корӣ мавсуф аз рафти сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19, ки барои 384 хонанда бунёд мешавад, ҳамчунин аз сохтмони пули мошингузар, маркази саломатӣ, Гимназияи рақами 1, бинои маъмурии бахши омор, инчунин аз заминҳои кишоварзӣ дидан намуд.