Санаи 24 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи бинои Дастгоҳи марказии Хадамот ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Роҳбарият кормандон ва меҳмонон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сараввал Муовини якуми Сардори Хадамот Музаффарзода Дилшод ҳозиринро бо ин рӯзи хуҷаста табрик намуда, зикр кард, ки Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, аз рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат аст. Тоҷикистон дар минтақа баъд аз Туркманистон дуввумин кишвар аст, ки ба хотири парчами миллии худ иди давлатӣ эълон кардааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.
Инчунин, номбурда зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати “Рӯзи парчам” аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва гуфт: ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу, ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.
Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ҳамзамон, Сардори Бахши таъминоти ҳуқуқии Хадамот илова намуд, ки муқаддас будани Парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, баробарию баробарҳуқуқуқӣ ва таъмини адолат баланд мебардошт.
Дар зери Парчам мардуми ориёитабор на танҳо империяҳои абарқудратро ба монанди Ҳаҳоманишиниёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён ба вуҷуд оварда, низоми тавонмандию идоракунии давлатиро созмон доданд, ҳамчунин аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқии аҳли башар, ки дар таърих бо номи “Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир” маълум аст ба оламиён муарифӣ намудаанд.
Ногуфта намонад, ки санаи 9-уми сентябри соли 2011 рӯзи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як фарди кишвар мебошад.
Дар рафти ҷамъомад намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бори дигар кормандон ва дар симои онҳо тамоми мардуми кишваро бо ин рӯзи фархунда муборакбод намуда, дар баробари суханронии пурмӯҳтаво кормандони ҷавони Хадомотро, ки тоза аъзои Ҳизби халқии демотратии Тоҷикистон шуданд бо билети Ҳизбӣ сарфароз гардонида , ба онҳо дар пешбурди сиёсати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хизмати софдилона ва пурмасъилиятро орзу намуд.
Дар интиҳо Музаффарзода Дилшод Муовини Сардори Хадамот минатдории Роҳбарият ва кормандонро ба меҳмонон баён намуда, аз кормандони ҷавон барои хизмати софдилона дар назди давлату миллат ва ва амалишавии ҳадафу ормонҳои дурбинонаи Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таманиётҳои беназирро орзӯ намуд…!