Санаи 16 ноябри соли равон дар бинои Дастгоҳи марказии Хадамот ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият ва кормандони Хадамот баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа Муовини якуми Сардори Хадамот Музаффарзода Дилшод ҳамагонро бо ин рӯзи муборак табрик намуда, қайд карданд, ки мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст.
Ҳамзамон зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд. Бо ташабуси сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон истиқлолияти Тоҷикистонро бо расмият шинохтаанд ва бо МО робитаҳои дипломатӣ барқарор намудаанд. Дар интиҳо Роҳбарият хизмати софдилона ва амалигардонии сиёсати зиддиинҳисории кишварро аз кормандон тақозо намуда, бо шукргузорӣ аз фазои ободу озодӣ кишвари маҳбубамон ҷаласаро хотима бахшиданд.