ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати босамари таъмини сифат, бехатарии мол, кор ва
хизматрасониҳо омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти
мамлакат ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.

Иштироки дастаҷамъонаи роҳбарият ва кормандони Хадамот дар тамошои маросими савгандёдкунии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Санаи 30- уми октябри соли 2020 дар бинои Дастгоҳи марказии Хадамот маросими тантанавии савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чониби роҳбарият ва кормандон тариқи оинаи нилгун тамошо карда шуд. Зимни баргузории маросими мазкур кормандон бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ сиёсати имрӯза ва ояндаи Пешвои миллатро дастаҷамъона дастгирӣ намуда, изҳор намуданд, ки дар ободии Ватан ва алалхусус пешбурди сиёсати зиддиинҳисории кишвар саҳми назарраси худро хоҳанд гузошт.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

Вы должны быть авторизованы, чтобы разместить комментарий.