ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати босамари таъмини сифат, бехатарии мол, кор ва
хизматрасониҳо омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти
мамлакат ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.

Бахшида ба 29-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ

Рӯзи 4.09.2020 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъди Қодирзода, Сардори Хадамот Муминзод Абдулмаҷид, муовини Сардори Хадамот Мусозода Зайдулло, сардорони раёсатҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар маҳалҳо ва кормандони Дастгоҳи марказӣ баргузор гардид.

        Сардори Хадамот Муминзод Абдулмаҷид ҷаласаро оғоз намуда, иштирокчиёнро бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

      Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфароз гардонидани сардори Раёсати ҳимоя ва рушди рақобат Ибодзода Шуҳрат бо ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ироа намуда, дар ҳузури ҳозирин онро тақдим намуд.

        Ҳамзамон, дар рафти маҷлис барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати зиддиинҳисорӣ ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  раёсатҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, инчунин  якчанд кормандони Дастгоҳи марказии Хадамот бо сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

Вы должны быть авторизованы, чтобы разместить комментарий.