Рӯзи 9 июли соли равон дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Хадамот Муминзод А.М, муовини аввали сардори Хадамот Музаффарзода Д.М ва инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва маҳалли иштирок доштанд. Вобаста ба фаъолияти нимсолаи раёсату шуъбаҳои марказӣ ва маҳаллӣ сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Хадамот ҳисобот доданд.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 зикр гардидаанд, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин протоколҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ дар самти рушд ва ҳимояи рақобат, танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, нигаронида шуда, корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.
Маълумот оид ба бозорҳои мол дар нимсолаи аввали соли 2020 чунин аст:
Бозори воридоти ғалла
Дар 6 моҳи соли 2020 ба ҷумҳурӣ 498 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 246 доллари ИМА барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,1 ҳазор тонна (498 – 547,1) ё 9,0 фоиз кам мебошад.
Дар ин давра ба ҷумҳурӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон 449,4 ҳазор тонна ё 90,2 фоиз, Федератсияи Россия 43,4 ҳазор тонна ё 8,7 фоиз ва аз Ҷумҳурии Узбекистон 5,2 ҳазор тонна ё 1,1 фоиз гандум ворид гардидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ин давра бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 66 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Бозори воридоти орд
Мувофиқи маълумотҳои омори гумрукӣ дар 6 моҳи соли 2020 ба ҷумҳурӣ 47,52 ҳазор тонна орд бо нархи миёнаи 256 доллари ИМА барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,6 ҳазор тонна (47,52 – 24,9) ва ё 90,8 фоиз зиёд гардидааст.
Аз миқдори умумии орди воридгардида, ба Ҷумҳурии Қазоқистон 43 ҳазор тонна ё 90,6 фоиз, ба Ҷумҳурии Узбекистон 271,5 тонна ё 0,6 фоиз ва ба Федератсияи Россия 4,2 ҳазор тонна ё 8,8 фоиз рост меояд.
Иштирокчиёни бозори воридоти орд 40 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Бозори воридоти шакар
Дар 6 моҳи соли 2020 ба ҷумҳурӣ ба миқдори 101 ҳазор тонна шакар бо нархи миёнаи 373 доллари ИМА барои 1 тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 16,6 ҳазор тонна (101 – 84,4) ва ё 19,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Аз ин миқдор, ба Федереатсияи Россия 88,8 ҳазор тонна ё 88,7 фоиз, ба Ҷумҳурии Белорус 11,5 ҳазор тонна ё 11,4 фоиз ва ба Ҷумҳурии Покистон 592 тонна ё 0,6 фоиз рост меояд.
Таҳлиҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра бозори воридоти шакар рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори мол ӣ 55 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Бозори воридоти доруворӣ
Дар 6 моҳи соли 2020 ба ҷумҳур ӣ 7,3 ҳазор тонна доруворӣ бо нархи миёнаи 2 889 доллари ИМА барои 1 тонна ворид карда шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ин давра бозори воридоти доруворӣ рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 91 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Бозори воридоти рав ғани растанӣ
Мувофиқи маълумотҳои омори гумрукӣ дар 6 моҳи соли 2020 ба ҷумҳурӣ 55,4 ҳазор тонна равғани растанӣ бо нархи миёнаи 84,7 доллари ИМА барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 ҳазор тонна (55,4 – 54,1) ё 2,4 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии равғани растании ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, ба Федератсияи Россия 34,7 ҳазор тонна ё 62,7 фоиз, ба Ҷумҳурии Қазоқистон 11,1 ҳазор тонна ё 20,0 фоиз ва ба Ҷумҳурии Узбекистон 9,2 ҳазор тонна ё 16,6 фоиз рост омадааст.
Иштирокчиёни бозори молӣ 91 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Бозори воридоти бензин
Вобаста ба муайян намудани нархи воридотии маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин, сўзишвории дизелӣ, инчунин воридоти гази моеъ аз рўи маълумотҳои гумрукӣ моҳ ба моҳ мавриди таҳлилу омўзиш қарор дода шуд.
Муайян гардид, ки дар бозори моли воридоти маҳсулоти нафтӣ аз ҷумла бензин 30 субъекти хоҷагидор, сўзишвории дизелӣ 43 субъекти хоҷагидор, равғанҳои молиданӣ 81 субъекти хоҷагидор, керосин 3 субъекти хоҷагидор ва мазут 3 субъекти хоҷагидор машғул мебошанд.
Рафти таҳлилу омўзиши маълумотҳои гумрукӣ нишон дод, ки нархи миёнаи воридоти бензин дар моҳи марти соли ҷорӣ 527,0 доллари ИМА, дар моҳи апрел 359,0 доллари ИМА, дар моҳи май 264,0 доллари ИМА ва дар моҳи июн 305,0 доллари ИМА – ро ташкил менамояд.
Аз нишондиҳандаҳои болозикр бармеояд, ки коҳишёбии нархи миёнаи бензини воридотӣ дар моҳи май нисбати моҳи март ба 49,91 фоиз ((264:257%)-100) ва нисбати моҳи апрел ба 26,46 фоиз ((264:359%) -100) баробар гардида, дар моҳи июн нисбат ба моҳи май 15,7 фоиз болорави нархи бензин ба мушоҳида мерасад.
Нархи миёнаи воридоти бензин дар моҳи июни соли ҷорӣ дар Агентии захирахои давлати моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 404 доллари ИМА баробар гардидааст, ки дар муқоиса нисбати моҳи май 349 доллари ИМА (753-404) ё ба андозаи 46,35 фоиз коҳиш ёфтааст.
Аз нишондиҳандаҳои болозикр бармеояд, ки коҳишёбии нархи миёнаи бензини воридотӣ дар моҳи май нисбат ба моҳи март ба андозаи 49,91 фоиз ((264:257%)-100) ва нисбати моҳи апрел ба андозаи 26,46 фоиз ((264:359%) -100) баробар гардидааст.
Вале, дар моҳи июн бошад, нархи миёнаи воридотии бензин ба 305 доллари ИМА баробар гардидаааст, ки дар муқоиса нисбати моҳи май 41,0 доллари ИМА ё 15,53 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бозори воридоти сўзишвории дизелӣ
Нархи миёнаи воридоти сўзишвории дизелӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ маблағи 573,0 доллари ИМА, дар моҳи апрел 487,0 доллари ИМА, дар моҳи май 422,0 доллари ИМА ва дар моҳи июн 436 доллари ИМА – ро ташкил менамояд, ки коҳишёбии он дар моҳи май нисбат ба моҳи март ба андозаи 151,0 доллари ИМА (26,35 фоиз) ва нисбати моҳи апрел ба 65,0 доллари ИМА (13,35 фоиз) баробар гардида, нархи миёнаи воридоти сузишвории дизелӣ дар моҳи июн нисбати моҳи май 14 доллари ИМА (3,32 фоиз) афзоиш ёфтааст. Мувофиқи сомонаи интернетии АО «Интерфакс» арзиши як Барел нефт ба санаи 3 январи соли 2020 -63,3 доллари ИМА, ба санаи 3 феврал 51,53 доллари ИМА, ба санаи 1 апрел 20,28 доллари ИМА, ба санаи 4 май 19,38 доллари ИМА ва ба нимаи дуюми моҳи июн 40,0 доллари ИМА- ро ташкил менамояд. Мувофиқи пешниҳодҳо дар сомонаи интернетӣ арзиши як Барел нефт дар давоми соли 2020 аз 55 то 60 доллари ИМА, баробар мешавад.
Бозори воридоти гази моеъ
Дар нимсолаи авали соли ҷорӣ аз ҷониби 15 субъекти хоҷагидори воридкунандагони гази моеъ ба ҷумҳурӣ 227 177,38 тонна гази моеъ бо нархи миёнаи 391 доллари ИМА ворид карда шудааст.
Таҳлили мо ҳонаи воридоти гази моеъ нишон дод, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ нархи миёнаи воридоти як тонна гази моеъ 453,0 доллари ИМА, моҳи феврал 457,00 доллари ИМА, моҳи март 452,0 доллари ИМА, моҳи апрел 451,0 доллари ИМА, моҳи май 276,0 доллари ИМА ва дар моҳи июн 214 доллари ИМА –ро ташкил менамояд.
Аз ин нишонди ҳанда бар меояд, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ нархи миёнаи воридотии гази моеъ нисбат ба моҳи апрел 175,0 доллари ИМА (451,0 -276) ё 38,8 фоиз ва дар моҳи июн нисбати моҳи май 52 доллари ИМА ё 22,46 фоиз коҳиш ёфтааст.
Аз таҳлили бозори сўзишворӣ ва гази моеъ бармеояд, ки назорати риояи талаботи нархгузорӣ ва ба танзим даровардани нархи ин сегменти бозори молӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июли соли 2019, №350 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287» маҳсулоти нафтӣ: бензини автомобилӣ, сузишвории дизелӣ ва гази моеъ ба номгўи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ карор дода мешаванд, шомил карда шудааст.
Бозори ангишт
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар 5 моҳи соли 2020 истеҳсоли ангишт бо дарназардошти ангишти бур 525 199,8 тоннаро ташкил менамояд, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 051,1 тонна кам ё 99,23 фоизи соли гузаштаро ташкил менамояд.
Дар баробари ин, дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба миқдори 3 591,83 тонна ангишт бо нархи миёнаи 41,0 доллари ИМА ворид карда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки нархи мувофиқагардидаи ангишт аз рўи номгўй ва намудҳо дар алоҳида муқаррар гардида, нархи фурўши онҳо аз 50,0 сомонӣ то 375,0 сомониро дар бар мегирад.
Айни замон, дар феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ 42 субъекти хоҷагидор шомил карда шудааст.
Дар охири ҷаласа сардори Хадамот барои нимсолаи дуюми соли равон вазифаҳоро муайян намуда ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо кормандони Хадамотро вазифадор намуд.