ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати босамари таъмини сифат, бехатарии мол, кор ва
хизматрасониҳо омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти
мамлакат ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.

ПАЙРАВӢ БА ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Академияи идоракунӣ, Театри давлатии академии опера ва балет ва дигарон дар мубориза бо пандемия саҳм гузоштанд

ПАЙРАВӢ БА ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Академияи идоракунӣ, Театри давлатии академии опера ва балет ва дигарон дар мубориза бо пандемия саҳм гузоштанд

Май 13, 2020 16:53

ДУШАНБЕ, 13.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва ҳимматбаландии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва кулли кормандони Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» маоши якрӯзаи худро ба суратҳисоби махсуси Фонди мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус гузаронданд.

Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар» Раъно НУСРАТУЛЛОЗОДА.

Ин кори хайру савобро кормандони ин боргоҳи фарҳангу ҳунар ба далели саҳм гузоштан дар чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 амалӣ намуданд. Зеро имрӯз муқобилият нишон додан ба ин вабои аср аз одамони сайёраи Замин муттаҳидӣ, ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ тақозо дорад. Пас, биё, эй ҳаммеҳан ва ҳамдиёри азиз, ба хотири солимии як тифлаки ширин, модари меҳрубон, падари азиз, хоҳари дилсӯз, бародари бамеҳр, хуллас барои ҳамаи азизон ва ҳамватанон бо ин гуна амалҳои нек талош намоем, зеро гуфтаанд:  «Бар сари фарзанди одам ҳарчи ояд, бигзарад…».

Зиндагиро дӯст доред, ба фардо хушбин бошед ва худу наздиконатонро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед.

Ҳамзамон дар пайравӣ ба иқдоми нек, хайрхоҳонаву инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби корхонаҳои ҷумҳурӣ ба муассисаҳои иҷтимоии мамлакат ва табибону беморон кумакҳо расонида мешаванд.

Чанде пеш Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон барои кормандони соҳаи тиб 500 кило хлор, 200 литр маҳлули безараргардонии моеъ, 70 адад либосҳои муҳофизатӣ ва 120 литр маҳлули антисептикӣ кумак намуд. Ҳамзамон аз ҷониби Акмалҷон Ҷӯраев, корманди Хадамоти мазкур низ ба кормандони беморхонаи ноҳия маводи хӯрокворӣ расонида шуд.

Роҳбарият ва ҳайати устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо пайравӣ аз ин ташаббуси Пешвои миллат ба табибоне, ки шабонарӯзӣ ба хотири беҳдошти солимии ҷомеа дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе заҳмат мекашанд, кумакҳои моддию молии худро расонида истодаанд. Ин навбат Академияи идоракунии давлатӣ дар доираи аксия таҳти унвони «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумоянд, табибони ғамхор» аз ҳисоби музди маоши ҳайати устодон ва кормандони Академия ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ, ки аз хилъатҳои тиббии муҳофизатӣ ва одӣ, равған, орд, биринҷ, қанд иборат буд, ба табибони беморхонаи табобатии навбунёди пойтахт барои бемориҳои сироятӣ кумак расонид.

     Инчунин аз ҷониби Академияи идоракунии давлатӣ 5 ҳазор дона ниқоб ва варақаҳои таблиғотӣ дар доираи аксияи «Хона ба хона» ройгон тақсим карда шуда, ҳамчунин  5 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии бемории коронавируси COVID-19 равона гардид.

Бо ҳидоят ва раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми гурӯҳи вакилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба оилаҳои кормандони шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳия дар шакли маводи хӯрокӣ кумак расонида шуд.

Ҳамзамон вакилони вилоят аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба оилаҳои ниёзманди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Гулистон, Фрунзе ва Калинин ниқобҳои тиббӣ кумак намуданд.Ҷиҳати андешидани тадбирҳои пешгирӣ дар корхонаи истеҳсолии «Сомон-2013» -и ноҳия дӯхти ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуда, 25 ҳазор ниқоб ба аҳолӣ дастрас шуда, дар захира 15 ҳазор мавҷуд мебошад.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус СОVID-19 ситоди ноҳиявӣ ташкил шуда, дар асоси иҷрои чорабиниҳо дар 84 деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия гурӯҳҳои кории намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба риояи қоидаҳои пешгирӣ ва беҳдошт бо усули фардии хона ба хона ва тақсими буклетҳои тарғиботӣ ба аҳолӣ кумак мерасонанд.

Ҳамзамон дар деҳаҳои аҳолинишини ноҳия оид ба пешгирии беморӣ бо истифодаи баландгӯякҳо ба аҳолии ноҳия тавсияҳо расонида  мешаванд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ ва шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои дезинфексионӣ анҷом дода шуда, дар назди корхонаҳо гузаргоҳҳои санитарӣ, маводи антисептикӣ ва дастшӯӣ ташкил ва қоидаҳои беҳдошт риоя мешаванд.

Кормандони марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ гашти хонаҳоро дар маҳал анҷом дода, дар сурати пайдо шудани беморони эҳтимолӣ ба аҳолӣ кумаки аввалини тиббию санитарӣ мерасонанд. Айни замон дар ноҳия 9 мошини ёрии таъҷилӣ дар ҳолати корӣ қарор дошта, ба хизматрасонӣ омода аст.

Дар ноҳия 106 кати бистарӣ барои қабули сироятшудагони эҳтимолӣ омода карда шуда, кормандони соҳаи тандурустӣ бо 60 адад либосҳои махсуси тиббӣ таъминанд.

Дар ноҳия корҳои безараргардонӣ идома дошта, фаъолони ноҳия барои пешгирӣ дар самти кор бо аҳолӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ фаъолияти назаррас доранд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он бо ҷалби соҳибкор, роҳбари ҶДММ «Нақш» Амриддин Нақшов ба кормандони соҳаи тиб маводи мавриди ниёзи аввал дар ҳаҷми 100 халта орд, 500 кг биринҷ, 500 литр равған, 2500 кг картошка ва 2000 кг пиёз, ки маблағи умумии он 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, кумак намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби Фонди ҷумҳуриявии хайрияи муқовимат бо коронавирус гузаронид. Ин иқдом ҳамчун пайравӣ аз амали некбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аксияеро бо номи «Ниқоб» дар ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва назди бозорҳои шаҳри Бохтар бо ҷалби ихтиёриёни кумита доир кард.

Дар доираи ин тадбир ҳизбиён ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи иттилоотиро, ки истифодаи онҳо дар пешгирии ин бемории сироятӣ мусоидаткунанда мебошад, ба Ҷамъияти нобиноён ва Ҷамъияти маъюбон дастрас карданд. Чунин афрод, ки ниёз ба кумак доранд, аз иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Хатлон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ихтиёриён (волонтёрон) дар ҳамдастӣ бо кормандони ҳизб барои тақсимоти ниқоби муҳофизатӣ ва маводи иттилотӣ ба кӯчаву хиёбонҳо, аз ҷумла, назди бозорҳои «Фаровон» ва «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтар сафарбар шуда, ба онҳое, ки бидуни ниқоб гаштугузор мекарданд, маводи болозикрро дастрас карданд. Дар баробари ин бо истифода аз имконияти мусоид ҳизбиён оид ба хатари бемории коронавирус ва зарурати риояи дурусти гигиенаи шахсӣ маълумот доданд. Дар умум тариқи ин аксияи ҳизбӣ дар шаҳри Бохтар беш аз 300 ниқоб тақсим карда шуд.

Дар доираи чунин чорабиниҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ маҳаллаи «Дӯстӣ»-и шаҳри Бохтар бо маҳлули хлор безарар гардонида шуд. Зимни роҳандозии ин тадбир сокинони маҳалла фаъолона иштирок карданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон пайваста баҳри болоравии иттилоотнокии мардум тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба дастгирии табақаи ниёзманд минбаъд низ тадбирҳои муассирро амалӣ хоҳад кард.

«Мо бо шумоем, табибон»-таҳти ин унвон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз оғози ба қайд гирифтани бемории фарогири корнавирус дар мамлакат аксия роҳандозӣ менамояд.

Дар доираи ин аксия бо саҳмгузории узви кумиҷроия, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ ва яке аз фаъолони ҳизб, сарвари намояндагии ширкати алоқаи мобилии ТСЕЛЛ дар шаҳри Панҷакент Абулҳай Абулҳаев барои кормандони беморхонаи марказии шаҳр се ҳазор дона ниқобҳои тиббӣ тақдим карда шуд. Аз ин пештар бо дастгирии чанд нафар вакилони Маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, ки аз ҷониби конфронси ташкилоти ҳизбии шаҳр пешбарӣ шуда буданд, ба кормандони тиб ба маблағи шаш ҳазор сомонӣ либосҳои махсуси тиббӣ ва ниқобҳои тиббӣ тақдим шуда буд.

Маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон» дар пайравӣ аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Иттифоқи касабаи ҳайати устодону кормандони коллеҷ вобаста ба вазъияти имрӯзаи мамлакат, яъне хуруҷи бемории сироятии СОVID- 19 ҷиҳати гузоштани саҳми худ дар самти кумак ва дастгирии муборизони пешқадам, аз ҷумла табибону дигар кормандони соҳаи тиб тасмим гирифтааст, ки маоши дурӯзаи худро ба «Фонди хайриявӣ» бар зидди коронавируси СОVID- 19 интиқол диҳад.

Ҳамзамон ҳайати кормандони коллеҷ дар сарҷамъӣ даст ба даргоҳи Яздони Пок бардошта, бо шеъри зебои шоираи ширинсухан Фарзона  шукуфоии бештари  Тоҷикистони азиз ва ба зудӣ рафъ шудани ин вабои асрро умед доранд.

Худоҷон, аз бало моро нигоҳ дор,
Замину осмонҳоро нигоҳ дор.

Балорову ваборо дур андоз,
Тамоми пиру барноро нигаҳ дод…

Бани Одам якаъзо мешавад боз,
Ту ин пайванди зеборо нигаҳ дор.

Бароям Тоҷикистон тоҷи дунёст,
Худоҷон, тоҷи дунёро нигаҳ дор!..

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

Вы должны быть авторизованы, чтобы разместить комментарий.