ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати босамари таъмини сифат, бехатарии мол, кор ва
хизматрасониҳо омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти
мамлакат ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.

Кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ миёни сокинони шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд

Кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ миёни сокинони шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита  ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии  «Ковид-19» дар ҳудуди мамлакат аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинони маҳаллаҳои Бӯстон ва Наврӯзи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, инчунин дар дигар кӯча ва маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба андешидани тадбирҳои қатъии беҳдоштӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти мазкур хабар доданд.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро маризии ҳамагири сироятӣ фаро гирифтааст, ҷиҳати ҳифзи солимии аҳолӣ риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва талаботи тиббӣ аз ҷониби ҳар шахс муҳим ва зарурист.

Омили дигари пешгирӣ аз паҳншавӣ ва сироят нашудан ба ҳар гуна маризиҳои хатарнок худдорӣ кардан аз маконҳои серодам ва безарурат набаромадан аз хона мебошад.

Чунин вохӯриҳои судманд дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ, ки боигарии асосии давлат аст, минбаъд низ дар радифи дигар ниҳодҳои давлатӣ аз тарафи масъулони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

Вы должны быть авторизованы, чтобы разместить комментарий.