Корхонаҳое, ки дар ҷумҳурӣ ба коркарди гандум машғуланд, талаботи сокинони мамлакатро бо орд пурра таъмин карда метавонанд. Танҳо масъалае, ки метавонист дар ин самт мушкилӣ ба вуҷуд оварад, ин воридоти гандум аз хориҷи мамлакат буд, ки он ҳам бо талошҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли худро пайдо намуд. Ҳоло соҳибкорони ватанӣ маҳсулоти заруриро бе монеа ворид месозанд. Бояд мардум иттилоъ дошта бошанд, ки дар давраи тирамоҳи соли гузашта кишти зироати барвақтӣ хубу барзиёд ба роҳ монда шуда буд ва ҳоло ҷамъоварии он оғоз ёфтааст. Аз ҷумла, ҷамъоварии пиёзи нав шурӯъ гардида, пас аз чанд рӯзи дигар ҷамъоварии ҳосили картошка ва дигар маҳсулоти барвақтӣ шурӯъ мешавад, ки ба фаровонӣ ва арзонии бозор бе таъсир нахоҳад монд.
Тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, чор моҳ мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳониро паҳншавии пандемияи коронавирус ба ташвиш оварда, дар тамоми кишварҳо чораҳо пешгирикунанда роҳандозӣ шудаанд: роҳҳои замнию ҳапвоӣ баста, мардум дар вазъияти карантин ба сар мебаранд, бисёр корхонаҳо муваққатьан аз кор бозмондаанд ки дар ин робита иқтисоди ҷаҳон ба мушкилот мувоҷех шудааст. Аз ҷумла, пастшавии нархи ҷаҳонии нафт, коҳиши қурби асъор ба иқтисодиёти аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла шарикони тиҷоратии мамлакати мо бетаъсир нахоҳад монд.
Бо ин мақсад бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст, ки сарварии онро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба уҳда дорад. Дар ин давра ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи мавриди ниёзи аввал ва пешгирии болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ тадбирҳои зиёд рӯи кор гирифта мешаванд.
Ба гуфтаи муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Музаффарзода, коронавируси COVID-19, ки ба таври ногаҳонӣ хуруҷ карда, вазъиятро дар ҷаҳон мураккаб сохт, ба муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии дунё зарбаи сахте расонид ва ин раванд ба тағйирёбии молу маҳсулот сабаб гардид. Аз ин ҷост, ки қимати молу маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии мо низ боло рафт ва ин хоси танҳо Тоҷикистон набуда, дар тамоми кишварҳо низ чунин вазъият ҳукмфармост.
Тавре Дилшод Музаффарзода мегӯяд, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини аҳолӣ бо баъзе маҳсулот ба бархе кишварҳо вобаста буда, инчунин ба бисёре аз давлатҳо молу маҳсулоти худро содирот месозад. Аз ин рӯ ҷиҳати танзиму пешгирии болоравии нархҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2018 номгӯи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд, тасдиқ гардидааст. Ин номгӯйи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ҷумла, он аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал- орд, равған, гандум, биринҷ, картошка, сабзӣ, пиёз, шакар, шир, маҳсулоти нефтӣ ва ғайра иборат мебошад. Тибқи талаботе, ки дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, дар сурати дар як моҳ беш аз 20% баланд рафтани нарх Хадамоти зиддиинҳисорӣ ваколат пайдо мекунад, ки ба субъектҳои хоҷагидори хизматрасонӣ, ки воридкунанда ё таъминкунандаи ин маҳсулотанд, дахолат кунад.
Ҳамин гуна воқеа аввалҳои моҳи марти соли равон ба миён омад, ки дар натиҷаи овозаҳои бардурӯғ, ки гӯё воридоти орд ба ҷумҳурӣ манъ шудааст, мардум ба таҳлука афтода, якбора хариди маҳсулотро зиёд намуданд. Дар ин ҳолат нархи орд ва дигар маҳсулот боло рафт.
Дилшод Музаффарзода дар робита ба воридоти имрӯзаи гандум аз хориҷи мамлакат изҳори андеша намуда, гуфт, ки «хушбахтона, ҳоло ягон мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд надорад ва мардум бояд осуда бошанд, зеро Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми имконияти худро барои бехатарии иқтисодиёт ва таъмини амнияти озуқворӣ равона кардааст».