ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати босамари таъмини сифат, бехатарии мол, кор ва
хизматрасониҳо омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти
мамлакат ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.

АМАЛИЁТИ «ДОРУХОНА». Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақомоти марбута омили болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии онро баррасӣ карданд

АМАЛИЁТИ «ДОРУХОНА». Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақомоти марбута омили болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии онро баррасӣ карданд

Май 7, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муайян намудани омилҳои асосии болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии он дар нуқтаҳои савдои ҳудуди мамлакат бо ибтикори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони расмии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута вохӯрӣ  доир гардид.

Дар вохӯрӣ зикр карда шуд, ки вақтҳои охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии «Ковид-19», ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, сару садоҳо дар байни сокинон оид ба баланд шудани арзиши баъзе аз номгӯи маводи доруворӣ ва камчин шудани онҳо дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти тиббӣ зиёд гардидааст.

Дар ҷамъомади  мақсаднок оид ба ҳолати мазкур андешаронӣ сурат гирифта, мақомоти дахлдори соҳавӣ сабаби камчинии баъзе номгӯи дорувориро дар худсарона пинҳон доштан ва ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши он аз ҷониби соҳибкорони манфиатҷӯй арзёбӣ намуданд.

Намояндагони Хадамоти гумрук иттилоъ доданд, ки воридоти маводи доруворӣ ба ҷумҳурӣ бидуни мушкилӣ ба роҳ монда шудааст ва масъулони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста дар ин самт ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо масъулони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти милии ҶТ, Хадамоти гумруки назди ҲҶТ ва дигар ниҳодҳои марбута ба рейди муштарак баромада, ҷиҳати дақиқ намудани ҳолати воқеӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Дар робита ба ҳолати пешомада, ки мавҷи баҳсҳоро аз ҷониби истеъмолкунандагон ба бор овардааст, масъулони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рейди махсуси санҷишӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои дахлдори соҳа дар ҳудуди пойтахт доир намуда, байни харидорон ва фурӯшандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зимни рейди муштарак ошкор гардид, ки баъзе аз савдогарон дар нуқтаҳои фурӯши маводи доруворӣ бинобар афзудани талабот нисбат ба давоҳои зиддивирусӣ арзиши онро ба таври сунъӣ ба маротиб боло бурда, ба эҳтиёҷмандон мефурӯхтаанд.

Дар баъзе ҳолатҳо чунин маводи тиббиро пинҳон дошта, ба мизоҷони наздики худ дастрас менамудаанд.

Нисбат ба чунин ашхос дар асоси талаботи қонунгузорӣ чораҳои маъмурӣ андешида шуда, дар сурати такрори ин ҳолатҳо чораҳои иловагии ҷиддӣ аз тарафи мақомоти салоҳиятдор татбиқ хоҳад шуд.

Чунин чорабиниҳои мақсаднок минбаъд низ аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар миқиёси мамлакат гузаронида мешавад.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

Вы должны быть авторизованы, чтобы разместить комментарий.