Дар асоси Резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 9 апрели соли 1985 ва қарори ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар давлатҳои аъзои – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 ноябри соли 2011, ҳамасола 15-уми март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар сатҳи баланд бо баргузории як қатор чорабиниҳо таҷлил карда мешавад.
Санаи 13 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳия ва татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон амалӣ менамояд, бо ҷалби доираи васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагии созмону ташкилотҳои муқими Тоҷикистон, бахши хусусӣ, бахусус ширкатҳое, ки дар бозори мол, кор ва хизматрасониҳо мавқеи махсус доранд, бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мушовири калони Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид иштироки намуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни чорабиниро табрик намуданд. Номбурда зикр дошт, ки таъмини бехатарии молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, ки ба сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва солимии ҷомеа таъсири бевосита дорад, яке аз омилҳои муҳим ҷиҳати таҳким бахшидани рушди иқтисодиёти мамлакат маҳсуб ёфта, масъалаи мазкур дар сиёсати пешгирифтаи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсус дорад. Дар робита ба баланд бардоштани сатҳу сифати тамоми хизматрасониҳо, аз ҷумла беҳсозии дастрасии сифат ва самарабахаши хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, коммуналӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифат ва бехатарии маҳсулот, назорати байторию санитарӣ  ва фитосанитарии маҳсулоти хӯрока ва таъмини дастрасӣ ба ѓизои хушсифат ҳамчун ҳадафҳои афзалиятнок дар ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат пешбинӣ гардидаанд, ки ҳар яки ин ҳуҷҷатҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдор амалӣ гашта истодааст»,- қайд намуд  Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид.
Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони мақомоти дигари давлатӣ, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ваколатдор мебошанд, дар бораи тадбирҳои андешидашуда дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баромад намуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин қайд намуданд, ки  аз баромаду гузоришҳои намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бармеояд, ки мақомоти марбута дар доираи салоҳияти худ корҳои назаррасро амалӣ намуда истодаанд. Новобаста аз ин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати мол, кор ва хизматрасониҳо ба аҳолӣ, яъне истеъмолкунандагон ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин раванд, тақвият ва густариши ҳамкориҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мувофиқи мақсад мебошад.
Бинобар ин, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки аз натиҷаи баргузории чорабинӣ Нақшаи амал бо пешбинӣ намудани тадбирҳои муштарак таҳия ва тасдиқ намуда, мавриди амал қарор дода шавад.

By ams.tj