ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати босамари таъмини сифат, бехатарии мол, кор ва
хизматрасониҳо омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти
мамлакат ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.

Изҳороти хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон вобаста ба овозаҳо оид ба баландравӣ ва камчинии маводҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ аввалиндараҷа

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.
Тибқи маълумоти расмии мақомоти дахлдор то ба имруз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти короновирус ба қайд гирифта нашудааст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва воридшавии вируси мазкур тамоми чораҳоро роҳандозӣ намуда истодааст.
Қайд намудан лозим аст, ки баландшавии нархҳо ва камчинии маводҳои ғизоӣ танҳо овозаҳои бардурӯғ буда, захираи маводи ғизоӣ дар бозорҳои кишвар ба қадри зарурӣ мавҷуд ва корхонаҳои истеҳсолии мамлакат ба таври муқаррарӣ фаъолият намуда истодаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими бозорҳо ва пешгирии беасоси болоравии нархҳои маҳсулотҳои ниёзи аввалиндараҷа, тамоми чораҳоро андешида, барои муътадил нигоҳ доштани вазъи бозор ба мақомотҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор, ки татбиқи сиёсати давлатиро дар самти танзими нарх дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасониҳо амалӣ менамояд, ба ҳамаи ҳамватанони азиз муроҷ иат намуда, изҳор медорад, ки ба овоза ва ҳангомаҳои беасос дода нашаванд.
Дар як вақт иттилоъ медиҳем, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018. №287 “Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз љиҳати иљтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд”, Хадамоти зиддиинҳисорӣ айваста дар бозорҳои љумҳурӣ мониторинг гузаронида, барои роҳ надодан ба болоравии беасоси нархҳои молу маҳсулот чораҳои зарурӣ меандешад.
Ҳамзамон, ба иттилои шаҳрвандон мерасонем, ки бо мақсади пешгирӣ ва чораҷӯӣ аз поймолшавии ҳуқуқҳои истеъмолкунандон ва назорати доимии вазъи бозори молӣ дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ телефони боварӣ фаъол мебошад, ки дар сурати мушоҳида намудани ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва аз нархҳои муқаррарӣ баланд фурӯхтани молу маҳсулот, ба рақами 21-21 муроҷиат намоянд.

Комментирование и размещение ссылок запрещено.