Ҷиҳати таъмини супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирӣ аз сирояти короновирус бо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2020, №12 «Дар бораи таъсиси Ситоди фаврӣ» Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардид.
Роҳбари Ситоди фаврӣ Муовини якуми сардори Хадамот Музаффарзода Дилшод Музаффар таъин гардида, сардорони раёсатҳо вашуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллӣ шомил карда шуданд.
Дар Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷумла, таъмини кормандон бо ниқобҳои тиббӣ, маҷмуаи ёрии аввали тиббӣ, ё маҳлулҳои безараргардонанда, ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва вазорау идораҳои дахлдор, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо фурӯшандагони мол ва истеъмолкунандагон пешбинӣ карда шудааст.
Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ вобаста ба ҷорӣ намудани маҳдудият дар интиқоли мол аз баъзе давлатҳо бо фурӯшандагони мол корҳои фаҳмондадиҳӣ пешбинӣ карда шудааст.