ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати босамари таъмини сифат, бехатарии мол, кор ва
хизматрасониҳо омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти
мамлакат ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти дар соли 2019

Санаи 6 январи соли 2020 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи ин ниҳод доир гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сардори Хадамот, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳо ва шуъбаҳои Хадамот дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ҷаласаи мазкурро Абдулмаљид Муминзод – Сардори Хадамот роҳбарӣ намуд.
Мусозода Зайдулло – муовини сардори Хадамот бо маърўза вобаста ба фаъолияти Хадамот дар соли 2019 баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2018 зикр гардидаанд, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ, танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, нигаронида шуда буд.
Ҳамзамон, ҳисоботи сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва раёсату шуъбаҳои Хадамот дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе вобаста ба фаъолияти дар соли 2019 шунида шуд.
Дар охири ҷаласа Сардори Хадамот ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Хадамот дар самти сиёсати зиддиинҳисорӣ, танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ дар семоҳаи якуми соли 2020 вазифагузорӣ намуданд.

Бо қарори ҳайати мушовара фаъолияти Хадамот ва сохторҳои зертобеъи он дар нимсолаи якуми соли 2019 қаноатбахш ҳисоб карда шуда, вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2020 муаян карда шуданд.

Комментирование и размещение ссылок запрещено.